Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИМЗОИ САНАДҲО БАЙНИ МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОИИ ДУШАНБЕ-УРУМЧӢ

ИМЗОИ САНАДҲО БАЙНИ МАРКАЗҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОИИ ДУШАНБЕ-УРУМЧӢ
203

Чоп кардан

Маросими имзои Протоколи вохӯрӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷон дар доираи 5-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.

Протоколи ҷаласа аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ва муовини директори генералии Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ATMB)-ии Маъмурияти авиатсияи граждании Чин Миао Сюан, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” аз ҷониби Лоиқ Бегиҷонзода директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷони Маъмурияти авиатсияи граждании Чин аз ҷониби Лю Вэнчи, директори генералии Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷон ба имзо расид.

Мақсади Ёддошти мазкур рушд ва таҳкими ҳамкории байни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоии Шинҷон равона гардида, ҳамзамон таъсиси шарикӣ ва рушди ҳамкории дарозмуддати стратегӣ дар соҳаи хизматрасонии аэронавигатсионии ду кишвар мебошад.  

Дар доираи ҳуҷҷатҳои мазкур мубодилаи мутақобилаи таҷриба дар соҳаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, таъминоти радиотехникии парвозҳо,   метеорологии авиатсионӣ, идоракунии фазои ҳавоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, такмили ихтисос ва омӯзиши кормандон, аудитҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои Низоми идораи бехатарии парвозҳо ва Низоми менеҷменти сифат, таҳкиму рушди муштараки хатсайрҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, табодули маълумоти дахлдор оид ба ҳаракати ҳавопаймоҳо байни марказҳои таъмини хизматрасонии ҳаракати ҳавоии Душанбе ва Урумчӣ пешбинӣ мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки вохӯрии 5-уми ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Урумчӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Ҷаласаи 6-уми ҳамоҳангсозии CNS/ATM-ро байни Чин ва Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамоянд.

        

                                                                                 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”