САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
7 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт.
Нахуст Роҳбари давлат дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави саноатӣ дар заминаи ҶДММ "Хуаҷиан Ғаюр индастриал" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст.
Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.
Армстронг маҳсулоти сохтмонии замонавӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар ороиш ва зинат додани дохили биноҳои гуногун васеъ истифода мегардад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол ба 9 миллион адад армстронг баробар мебошад.
Тибқи таҳлили бозори дохилӣ талабот ба армстронг 3 миллион ададро ташкил намуда, боқимондаи он тибқи шартнома ба дигар кишварҳо содир мегардад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар маҷмуъ бо 150 шаклу дизайни муосир истеҳсол мешавад. Ҳамчунин имкон аст, ки маҳсулот дар асоси интихоби дизайн ва фармоиши мизоҷон омода гардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадами устувор гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва рақобатпазирии он мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, аз масъулин талаб намуданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки фаръҳо ширкати ватании "Ғаюр Гурӯҳ" бо истифода аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба бахши хусусӣ соли ҷорӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ бунёд намуданд, ки дар онҳо 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи гаҷ”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Шералӣ дар муддати бештар аз як сол бунёд гардид.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар се баст ба роҳ монда шуда, дар он асосан истеҳсоли гаҷкартон ва ғуррагаҷҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудааст.
Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гаҷкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонида шавад. Дар корхона 45 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Барои бунёду муҷаҳҳазгардонии иқтидори нави саноатӣ зиёда аз 24 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоёни дастгирӣ номиданд. Дастур дода шуд, ки зимни фаъолият ба ҳаҷми истеҳсолот ва сифату рақобатпазирии маҳсулот таваҷҷуҳи хоса равона карда шуда, маҳсулот бо назардошти талаботи бозор истеҳсол гардад ва риояи меъёрҳои содироти мол ба хориҷа дар мадди назар қарор дода шавад.
Корхонаи истеҳсолӣ дар Минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон дар заминаи татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2021-2026 “Солҳои рушди саноат” дар Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Гаҷкартон бо ҳаҷму андозаҳои гуногун тавассути дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта ва хатҳои технологии замонавӣ истеҳсол карда мешавад. Хатҳои технологие, ки дар корхона насб шудаст, навтарин дониста мешавад ва дар онҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ таъйиноти асосии фаъолияти корхона арзёзбӣ карда шуд.
Озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ки дар он мутахассисони касбӣ сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд.
Бояд гуфт, ки 70% -и маҳсулоти корхона аз ашёи хоми маҳаллӣ буда, бо истифода аз конҳои амалкунандаи атрофи ноҳия бо сифати аъло омода мешавад ва ивазкунандаи воридот мебошад. Дар корхона 2 намуд гаҷкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ барои девор ва сақф истеҳсол карда мешавад. Ин намуди маҳсулот барои деворҳои байниҳуҷравӣ ва ороиши сақфи иншооти гуногун истифода мегардад. Дар марҳилаҳои баъдӣ тасмим аст, ки истеҳсоли гаҷкартонҳои ба намӣ ва гармӣ тобовар низ дар ҳамин корхона ба роҳ монда шавад.
ҶДММ “Файзи гаҷ” аз зумраи корхонаҳои муҳими истеҳсолӣ дар ноҳияи Ёвон буда, аз соли 2014 амал мекунад. Дар ин муддат корхона истеҳсоли 27 номгӯйи маҳсулоти сохтмониро ба роҳ монда, дар бозор мақоми худро пайдо кардааст, ки аксарият таъиноти содиротӣ дорад.
Ҳоло дар ин корхона истеҳсоли густурдаи ғуррагаҷҳои берунаву даруна, ғуррагаҷҳо барои сақф ва ороишии берунаи бинову иншоот, барои корҳои гаҷкорӣ, ширешҳои тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовари дарун ва беруни бино, рангҳои эмулсионии шусташавандаву ба намӣ тобовар, профил ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст. Корхона дар масоҳати 2,7 гектар ҷойгир шудааст, ки бештар аз 1,5 гектари онро боғи дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳад. Дар умум атрофи корхона бо назардошти таъйиноти саноатӣ доштани он сабзу хуррам гардонида шудааст, ки ин раванд ба беҳдошти вазъи экологӣ мусоидат мекунад.
Инчунин ширкати “Файзи гаҷ” дар пайгирӣ аз иқдомҳои созандагии роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар амалисозии ташаббусҳои бунёдкорӣ бобати истиқболи шоиста аз ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳиссагузорӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии кишвар арзи сипос карда, дастур доданд, ки ба масъалаи омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар хориҷа таваҷҷуҳ зоҳир карда, ташаббусҳои созандагиву иҷтимоиро вусъат бахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»-ро дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Бо мавриди истифода қарор додани корхонаи нави истеҳсолӣ механизмҳои борбардори ҶСК «Ширкати мошинасозии Де Банг Тоҷикистон» 30 нафар бо ҷои кори доимӣ, таъмин шуданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – "Саноатикунонии босуръати кишвар" бо навтарин технологияи ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани борбардори пуриқтидор буда, дар сурати зиёд гаштани фармоиши харидорон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, ба содирот низ нигаронида шудааст.
Механизмҳои борбардори истеҳсолшаванда дар корхонаи навбунёд, ки ҳар қисми он пас аз озмоишу санҷишҳои мутахассисони соҳа насб карда мешаванд, тавоноии бардоштани аз 4 то 12 тонна борро доранд.
Кранҳои борбардори ин корхона тариқи фосилавӣ низ идора карда мешаванд, ки он метавонад кори биносозонро ба мартиб осон намояд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона арзиши кранҳои борбардор дар бозор то 30 фоиз арзон бояд шавад, зеро то ҳол ин маҳсулот аз берун ворид мешавад. То имрӯз ҳар сол ба ҳисоби миёна ба маблағи то 9 миллион доллари амрикоӣ кранҳо аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Аз ин хотир кранҳои ин корхона ивазкунандаи воридот ва ҳам маҳсулоти содиротӣ хоҳад шуд.
Тавре гуфта шуд, корхонаи мазкур дар бинои бекорхобидаву валангоре, ки солиёни дароз аз мадди назар дур монда буд, бунёд гардида, ба як гӯшаи ободу зебое мубаддал гаштааст.
Масоҳати умумии корхонаи навбунёд наздики 4 ҳазор метри мураббаъ буда, гирду атрофи он сабзу хуррам гардонида шудааст. Дар саҳни бинои корхона намунаи яке аз кранҳои борбардор гузошта шуда буд, ки бозгӯи иқтидори истеҳсолии корхона ва сифати баланди маҳсулоти он мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо фаъолити истеҳсолӣ ва васли кранҳои пуриқтидори корхона, ташаббуси масъулинро барои ба роҳ мондани чунин иқдоми нек, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гаштааст, муҳим арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самарабахши минбаъдаи он, дастуру ҳидоятҳо доданд.
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.
Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад.
Қитъаи Бохтар - Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад.
Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давро-давр сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, насби чароғакҳои роҳнамо, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзакорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст.
Қисматҳои аҳолинишини роҳ тибқи талаботи байналмилалӣ чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон осудагию бехатарии мардумро дар назар дорад.
Васли новаҳои оҳану бетонӣ, қубурҳои обгузар, тахтасангҳои ду канори роҳ ва деворҳои ҳимоявӣ ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётро таъмин менамояд.
Дар қисматҳои кӯҳистони табиати Тоҷикистон тавассути корҳои тахту ҳамворкунӣ имконият барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт беҳтар гардонида шудааст.
Бо супориши Сарвари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 км роҳҳои дохилии шаҳри Леваканд низ навсозӣ хоҳад шуд.
Роҳи Бохтар-Левакант-Данғара аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад.
Бунёди ин ва дигар роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овардааст, ки қаламравӣ Тоҷикистон барои давлатҳои минтақа ҳамчун транзит истифода гардад.
Ёдовар бояд шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2021 оғоз гардида буд.
Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ ҷалб карданд то ин, ки солиёни зиёд барои боркашонию мусофиркашонӣ хизмат кунад.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Қитъаи Данғара-Гулистони роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Чин наздики 50 километрро ташкил намуда, дар маҳалҳои аҳолинишин аз 4 хатти ҳаракат иборат хоҳад буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тоҷикистон тавассути бунёди ҳамин гуна роҳҳои муосир ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ – табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ноил мегардад.
Тибқи талаботи байналмилалии роҳсозӣ дар қитъаи Данғара-Гулистони роҳи байналмилии Душанбе-Хоруғ хонаи модару кӯдак, истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои болоизаминию зеризаминӣ, пиёдароҳ ва дигар зербинои нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст.
Масофаи умумии қитъаи Гулистон-Фархор бошад 29,6 километрро ташкил намуда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Марҳилаи якуми роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ ҷузъи муҳими шоҳроҳи байналмилалӣ буда, тавассути масирҳои хориҷӣ барои дастрасӣ ба бандарҳои ҷаҳонӣ шароит фароҳам меорад.
Бунёди қитъаҳои Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор дар доираи татбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025” ба хотири ташаккули долонҳои нақлиётӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳамияти муҳим мегузорад.
Тибқи қарордод корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, яъне то Фархор, бояд то моҳи сентябри соли 2027 бояд ба анҷом расонида шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои дар муҳлати муайяншуда босифат ба анҷом расонидани сохтмон ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ фароҳам овардани шароити мусоид супоришҳо доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ин роҳро дар рушди боркашонию мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант 6 техникаи нави роҳнигоҳдорӣ ҳадя карданд.
Зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи хотиравӣ Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бо фарогирии 6 корхонаи истеҳсолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва амалигардонии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Холмаҳмад Чиллазода дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант 1,8 гектарро дар бар гирифта, он дорои корхонаи коркарди шиша, коргоҳҳои истеҳсоли макарон, маводи шустушӯӣ, дастпӯшак, рангҳои сохтмонӣ, мебел, инчунин биноҳои маъмурию хоҷагидорӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти коргоҳҳо ва иншооти ёрирасон мебошад. Арзиши лоиҳавии Парки инноватсионии саноатию технологӣ зиёда аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ нахуст корхонаи коркарди шишаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи коркарди шиша дар масоҳати 2920 метри мураббаъ бунёд гардида, дар он дастгоҳу таҷҳизоти муосир ворид ва насб карда шудааст. Дар корхонаи мазкур коркарди шиша ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикию металӣ роҳандозӣ гардидаст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона бо истифода аз дастгоҳу технологияи нав коркарди шиша бо усулҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи корхонаи навтаъсис коркарди аз 80 то 90 ҳазор метри мураббаъ шишаро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва мутахассисон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро бо назардошти ташаккул ва рушди инфрасохтори шаҳру ноҳияҳои кишвар талабот ба дару тирезаҳои пластикию металӣ бо шишаҳои хушсифат зиёд аст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди шиша 9 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди истифода қарор дода, дар гӯшаи намоишӣ бо маҳсулоти корхона шинос шуданд. Дар ин ҷо 12 намуди мебел истеҳсол карда мешавад.
Иқтидори солонаи коргоҳи мазкур аз 30 то 36 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, бо истифода аз хатти технологии коргоҳ истеҳсоли мебел бо тарҳҳои гуногун ва зебо ба роҳ монда шудааст.
Бо назардошти он ки соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад, дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли рангҳои сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хатти технологӣ дар коргоҳи мазкур хушсифат буда, дар он рангҳо бо шаклу намудҳои мухталиф барои сохтмони иншооти таъйиноти гуногун истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳ аз 350 то 370 тонна рангро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони коргоҳи истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар оянда доираи фаъолияти коргоҳро васеъ ва ҷойҳои кориро зиёд намоянд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакро мавриди истифода қарор доданд, ки дар он 5 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Гуфта шуд, ки маҳсулоти коргоҳи навтаъсис асосан дар корҳои сохтмониву васлгарӣ дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар ва сохтмону бунёди иншооти гуногун истифода карда мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳи навтаъсис аз 600 то 620 ҳазор ҷуфт дастпӯшакро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ коргоҳи истеҳсоли маводи шустушӯиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар коргоҳи мазкур 7 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, дар он истеҳсоли собунҳои хушсифату хушбуй ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи ин коргоҳи навтаъсис аз 240 то 260 тонна собунро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷомеа, бунёди коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти шустушӯӣ аз ҷумла собунҳои хушсифатро зарур шумориданд. Дастур шуд, ки истеҳсоли маҳсулот минбаъд зиёд карда шуда, маҳсулоти ватанӣ бояд бо сифати баланд ивазкунандаи воридот бошад.
Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ коргоҳи истеҳсоли макаронро ба истифода доданд. Коргоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизот ва хатти технологии муосир таъмин карда шуда, дар он истеҳсол ва бандубасти макарон бо шаклу намудҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст. Дар коргоҳи истеҳсоли макарон 6 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, иқтидори солонаи коргоҳ аз 250 то 270 тонна макаронро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ дар 6 коргоҳи Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант 55 нафар бо кор таъмин гардиданд, ки фаъолияти доимии онҳо ба зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонданд. Ба масъулон ва мутахассисони коргоҳҳои Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант дастур доданд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ҷойҳои кориро зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоянд ва иқтидори содиротии кишварро тақвият бахшанд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар шаҳри Левакант 34 корхонаву коргоҳи саноатӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо истеҳсоли орд, сабӯс, пахта, карбомид, амиак, семент, хишти пухта, хишти сементӣ, сангреза, симчӯби бетонӣ, мебел ва либосҳои мактабӣ истеҳсол карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд.Нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни "Вахш Саноат"-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар масоҳати 15 ҳазору 325 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Корхонаи истеҳсолӣ аз сехи истеҳсоли қисмҳои оҳанини воситаҳои нақлёт, қитъаи ба шаклдарории маҳсулоти фулузӣ, қитъаи кафшергарию сайқалдиҳии фулузот, сехи рангубордиҳии қисмҳои оҳанин, қитъаи рангдиҳию хушккунии ҷузъҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷми фулузӣ, инчунин сехи васлу насби ниҳоии воситаи нақлиёт иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ ва масъулини соҳа маслиҳат доданд, ки дар оянда то 90 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёти барқиро дар дохили кишвар истеҳсол намоянд.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки 20 аробачаи маъюбӣ ба эҳтиёҷмандони ноҳия туҳфа намоянд.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.
Дар корхана истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мотосикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона вобаста ба талаботи бозори дохилӣ дар як моҳ то 800 воситаи нақлиёт ва дар як сол 9 ҳазору 800 ададро ташкил медиҳад.
Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки воситаҳои нақлиёт босифат истеҳсол гардида, барои содирот низ мутобиқ аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноати мошинсозӣ дар ноҳия ва дар маҷмуъ бо тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият бахшидани иқтидорҳои истеҳсолӣ, инчунин боз ҳам зиёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии "Вахш Саноат" дар ҳамин ҷо бо ҳосили фаровони зироаткории ноҳияи Кушониён шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.
Таъкид шуд, ки нақлёти сабук ва барқии ин корхона ба осон намудани мушкилии хоҷагидорон ва соҳибкорони деҳот мусоид аст.
Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои кишт, аз меҳнати созанда ва истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини корам дар ноҳияи Кӯшониён шаҳодат медиҳад.
Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо мавҷуд буд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, беҳдошти фарҳанги заминдорӣ, истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва баланд бардоштани ҳавасмандии саҳмдорон дастуру тавсияҳо доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази ташхисию табобатии “Авитсена” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд шудааст.
Дар Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб 30 нафар, аз ҷумла 10 табиб, 12 корманди миёнаи тиббӣ ва 8 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.
Барои фаъолияти пурсамари марказ бо маблағи 3 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.
Дар таҳхонаи иншоот дорухона, ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба ниёзмандон ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, ташхиси ултрасадоӣ, муоинаи сабти мағзи сар ва ҳуҷраи рухсати беморон ҷойгир мебошанд.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷойгир гардида, дар онҳо барои беморон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Марказ ҳамчунин дорои 30 кати хоб аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи тиббӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд.
Дар оянда бо истифода аз имконияти ин марказ бо ҷалби мутахассисони сатҳи минтақа ва ҷумҳуриявӣ муоина ва табобати мураккаби сактаи майнаи сар ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногуни асаб ба роҳ монда мешавад.
Бо оғоз гардидани фаъолияти Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб аҳолӣ имкон доранд, ки барои ташхису табобат бе харҷи маблағи зиёд ва сарфаи вақт дар назди хонаҳои худ аз хизматрасонии он истифода баранд.
https://prezident.tj/