Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ

БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ
289

Чоп кардан

4-6 ноябр дар шаҳри Алмато дар ҷаласаи якуми мақомоти авиатсионии минтақа ҷиҳати муҳокимаи ташаббуси таъсиси «Конфронси Авруосиёи авиатсияи гражданӣ» ва Семинари минтақавии арзёбии хавфҳо баргузор гардид, ки дар он Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании кишварҳои дуру наздики аъзои «Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ» буд. Бояд гуфт, ки ин ташкилот нақша дорад, ки оянда низ гузаронидани семинарҳоро вобаста ба мавзӯи бехатарии парвозҳо ва омода намудани мутахассисон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бештар намояд.

Ҳабибулло Назарзода таъкид намуд, ки бо қабули Эъломия дар бораи таъсиси «Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ», Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки бо шарикон барои табодули таҷриба ва дониш дар самтҳои муҳим, аз қабили бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ, соддагардонии расмият, рушди устувори авиатсияи гражданӣ, таҳияи системаҳои бесарнишини авиатсионӣ ва тайёр намудани мутахассисони авиатсионӣ фаъолона ҳамкорӣ намояд.

Тоҷикистон дар маркази стратегии Авруосиё воқеъ буда, ҳамчун долони муҳими нақлиётӣ, ки Осиёро бо Аврупо мепайвандад, хизмат мекунад ва омодааст, дар рушди инфрасохтори авиатсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳмгузор бошад.

Илова бар ин, мамлакат мо ба рушди авиатсияи гражданӣ, навсозии фурудгоҳҳо, беҳтар кардани шароити бехатарӣ ва васеъ намудани алоқаи ҳавоӣ аҳамияти калон медиҳад.

Иштирокчиёни ҷаласаи якуми “Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ”, аҳамияти рушди авиатсияи гражданиро ҳамчун омили асосии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратии байни давлатҳои минтақаи Авруосиё эътироф менамоем.

«Ҳамин тариқ, иштироки Тоҷикистон дар ин ҷаласа ӯҳдадории моро на танҳо ба рушди соҳаи авиатсионии худ, балки таҳкими ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоту вазифаҳои умумии минтақа таъкид менамояд. Мо омодаем ҳадафҳо ва вазифаҳои «Конфронси Авруосиёии авиатсияи гражданӣ» — ро дастгирӣ намоем, барои татбиқи қарорҳои қабулшуда чораҳои мушаххас андешем ва барои фароҳам овардани шароит барои алоқаи бехатар, экологӣ ва дастрасии ҳавоӣ байни кишварҳои Авруосиё мусоидат намоем», — гуфт Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.