ДАР ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “АВРУОСИЁ” ВА ICAO ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ НАВИ МИНТАҚАВӢ БАРРАСӢ ГАРДИД
Ҷаласаи 39-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” дар доираи Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ICAO оид ба рушди хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (ICAO Route Development Group – East Special Coordination Meeting -RDGE-SCM/2024) санаи 7-уми ноябр баргузор гардид, ки ҳайати кории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни кишварҳои ширкаткунанда намояндагӣ намуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Узбекистон оид ба корҳои анҷомдодашуда дар 9 моҳи соли 2024, ҳамзамон нақшаҳо то охири соли 2025 пешниҳоди ширкаткунандагон гардид. Аз ҷумла, иштирокчиён масоили табодули таҷрибаи пешқадам, тағйироти ниҳоӣ дар кишварҳо вобаста ба системаи ҳавопаймоҳои бесарнишин, ташкили озмуни байналмилалии маҳорати касбӣ байни танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ дар соли 2025-ро баррасӣ намуданд. Инчунин нақшаи корӣ барои соли 2025 муайян гардид.
Сипас як зумра истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсонӣ, аз ҷумла Indra, Frequentis, Egmont Aviation, ИРАМ, Компас, Иттиҳодияи илмию истеҳсолии “Алмаз”, НИТА, Ҷамъияти саҳомии “АЗИМУТ”, ҶСП “ПЕЛЕНГ”, ҶС “ВНИИРА” ва ширкати “Монитор софт” маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.
Санаи 8-уми ноябр дар ҷамъомади ҷамъбастии Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ICAO оид ба рушди хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ як қатор хатсайрҳои нави ҳаракати ҳавоӣ пешниҳод гардида, ба феҳристи хатсайрҳо барои соли 2025 дохил карда шуданд.
Дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи мазкур кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо намояндаи Идораи авиатсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Аднон мулоқоти судманд анҷом доданд. Зимни мулоқот ифтитоҳи хатсайри нави минтақавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардид, ки ҳадафи он ҷалби ширкатҳои ҳавопаймоии Халиҷи Форс, аз ҷумла Qatar Airways, Ettihad Airways ва Emirates мебошад, ки ба Пекин, Сеул ва Токио парвоз менамоянд. Дар интиҳо тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи алоҳидаи гурӯҳи корӣ ташкил гардида, дар ин самт Ёддошти тафоҳум ба имзо расад.
Ёдовар бояд шуд, ки Ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ICAO оид ба рушди хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, инчунин Ҷаласаи 39-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии “Авруосиё” аз 6-ум то 8-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Тошканд баргузор гардида, зиёда аз 50 нафар мутахассисон аз созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионии 15 кишвари ҷаҳонро бо ҳам овард.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”