Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САФАРИ КОРӢ БА ПОДШОҲИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

САФАРИ КОРӢ БА ПОДШОҲИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ
237

Чоп кардан

10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд.

Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд.

Гуфта шуд, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шуд.

Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

 

11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷониби  Арабистони Саудӣ барои ҳусни пазироӣ ва сатҳи баланди барпо кардани ин ҳамоиш изҳори сипос карданд.

Сарвари давлати мо баргузории онро барои баррасии вазъ дар Фаластин ва Лубнон иқдоми саривақтӣ ва муҳим шумурданд.

“Шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқи мо гардидааст”-изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки бо гузашти зиёда аз як сол аз оғози задухурдҳои мусаллаҳона дар минтақаи Ғаззаи Фаластин ҳама гуна талошҳо дар роҳи эҷоди мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир бенатиҷа боқӣ мондаанд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақвияти нақши ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ҳар гуна талошҳои дигари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ин зимн аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват карда шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳусни эътимоду созандагӣ иқдомҳои бештар муассир андешанд.

Гуфта шуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.

“Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад”-иброз доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Президенти кишвари мо, ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.

Дар ин замина, дастгирӣ аз саъю кӯшишҳои минбаъда барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим арзёбӣ гардид.

Зарур шумурда шуд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмон дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои муассир андешанд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт.

Президенти кишвари мо бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дорои ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар ҷаҳон мебошад, ёдовар шуданд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба раванди мусбати ҳалли қазияи Фаластин мусоидат хоҳад кард.