Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
212

Чоп кардан

Ҳукумати Федератсияи Россия Созишнома бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба ҳадафҳои осоишта барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод намуд. Тибқи иттилоъ созишномаи мазкур ҳама принсипҳо ва меъёрҳои амалии заруриро барои рушди ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазои кайҳон ва татбиқи амалии системаҳо ва технологияҳои кайҳонӣ ба ҳадафҳои осоишта пешбинӣ менамояд. Қайд карда мешавад, ки принсип ва меъёрҳои мазкур, аз ҷумла, ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, масъалаҳои танзими ҳифз ва мубодилаи иттилооти гуногун, сертификатсияи истифодаи ниҳоӣ ва тартиби коркарди бехатар ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориро дар бар мегирад. Самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Россия барои ҳалли мушкилии кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии иншоот ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

***

Ширкати “Сомон Эйр” дар якҷоягӣ бо ширкати Fly.Tj ба таври мунтазам аз Душанбе ба пойтахти Қатар – Доҳа парвозро оғоз намуд. Аввалин парвоз 28-уми ноябри соли 2024 амалӣ гардида, ҳар ҳафта як маротиба роҳандозӣ мегардад.

***

Ширкати “Air Astana” шумораи парвозро бо Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин афзоиш медиҳад.

***

Дар натиҷаи мушкилии техникӣ чархболи Ми-8-и Донишкадаи низомии нерӯҳои дифоъи ҳавоии Қазоқистон 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи Сарижари вилояти Актюбе фуруд омад. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар чархбол се нафар буда, ки яке аз онҳо ба ҳалокат расид.

***

Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Федератсияи Россия шаҳодатномаи ширкати ҳавопаймоии боркашонии “AirBridgeCargo”-ро боздошт. Ширкати мазкур аз моҳи марти соли 2022 пас аз ҷорӣ гардидани таҳримҳои зидди Россия фаъолияти худро қатъ намуд.

***

Дар натиҷаи афзоиши талабот алоқаи ҳавоӣ байни Шанхай ва Қазон, ки моҳи сентябри соли равон оғоз шуда буд, то моҳи марти соли 2025 идома меёбад.

***

Фаъолияти ширкати нав – “Damac Properties” дар Дубай муаррифӣ гардид, ки ширкати мазкур бо ширкатҳои ҳавопаймоии минтақавӣ, аз қабили “Beond” ва “Rotana Jet” рақобат менамояд. Рӯйхати аввалини хатсайрҳои “Damac Air” ба Сейшел, Малдив, Бали, Бора-Бора ва Фиҷи дохил мешаванд.

***

Дар натиҷаи мушкилии занҷираи таъминоти қисмҳои эҳтиётии муҳаррики Trent 1000 барои ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner аз ҷониби ширкати “Rolls-Royce” ширкатҳои Британияи Кабир “British Airways” ва “Virgin Atlantic” садҳо парвозҳоро ба масофаи дур лағв менамояд.

***

HK Express, ширкати фаръии “Cathay Pacific” даҳумин ҳавопаймои Airbus A321neo-ро дастрас намуд, ки барои парвоз дар 31 самти Осиё пешбинӣ мегардад.

***

Ширкати чинии AVIC аз Агентии парвозҳои кайҳонии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳияи киштии кайҳонии “Haolong” қарордод гирифт.

***

Зеландияи Нав фаъолияти муштараки “Cathay Pacific Airways” ва “Air New Zealand”-ро, ки барои панҷ соли оянда пешбинӣ гардидааст, тасдиқ намуд.

***

“Urumqi Airlines” воҳиди ширкати “Hainan Airlines” харидории 40 адад ҳавопаймои минтақавии Comac ARJ21-700-ро ба маблағи 1,5 миллиард доллари ИМА пешбинӣ менамояд.

***

Ширкати “Cathay Pacific” барқарор намудани парвози мустақимро дар масири Ҳонконг-Ҳайдаробод дар тобистони соли 2025 пешбинӣ менамояд, ки тибқи нақша шумораи парвоз дар як фаҳта то 43 адад парвозро амалӣ менамояд.

***

Ширкатҳои “flydubai” ва “Batik Air Malaysia” созишномаи байниҳамдигарӣ (interline agreement)-ро имзо намуданд, ки равобити байни АМА ва Малайзияро беҳтар менамояд.

***

26-уми октябри соли 2024 ширкати чинии Space Transportation (Lingkong Tianxing Technology) озмоиши прототипи ҳавопаймои “Yunxing”-ро бомуваффақ анҷом дод.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Global News, https://news.mail.ru/tag/306/)