Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САНҶИШИ ТАҶҲИЗОТИ МЕТЕОРОЛОГӢ

САНҶИШИ ТАҶҲИЗОТИ МЕТЕОРОЛОГӢ
348

Чоп кардан

Бехатарӣ ҳангоми парвоз қабл аз ҳама ба мушоҳида ва пешгӯии дурусти шароити обу ҳаво, аз қабили ҳарорат, фишор, намӣ, шамол ва ҳолати мавҷуда дар фазо рабт дорад. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани ҳолатҳои дар боло зикршуда дар асоси созишномаи тарафайн миёни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва ширкати “SKYMAX TECHNOLOGIES”-и Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ муҳандисони соҳибтаҷрибаи ширкати мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Зимни сафари худ нахуст муҳандисони ширкати “SKYMAX TECHNOLOGIES” бо фаъолияти Маркази авиатсионии метрологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Душанбе аз наздик шинос гардида, санҷиши таҷҳизоти метеорологиро ба роҳ монданд. Ҳамзамон дар доираи сафари худ муҳандисони ширкат бо таҷҳизот ва системаҳои метеорологии насб гардида дар филиалҳои корхона аз шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар низ дидан намуда, санҷиши онҳоро низ гузарониданд. Ҳамзамон сафари корӣ ба филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд низ пешбинӣ гардидааст.

Таъкид ба ёдоварист, ки ширкати мазкур илова бар муайян намудану санҷиши коршоямии таҷҳизоти метеорологии авиатсионӣ барои мушоҳида ва пешгӯии шароити обу ҳаво, аз қабили ҳарорат, фишор, намӣ, шамол ва ҳолати феълии фазо, ҳамзамон ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ будани онҳо низ иҷозати сертификати истифодабариро дар давоми як сол пешниҳод менамояд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки чунин маълумоти метеорологӣ барои сарнишинон ҳангоми парвозу фуруд муҳим буда, инчунин дар таъмини бехатарии парвозҳо нақши калидӣ дошта, чунин назарсанҷӣ барои коҳиш додани хатарҳо ва пешгирии сарзадани ҳолатҳои фавқулодда кӯмак менамояд.

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таҳти роҳбарии директори генералӣ Лоиқ Бегиҷонзода, бо мақсади беҳтар намудани пешгӯии маълумоти метеорологии авиатсионӣ мунтазам чунин чораҳои заруриро ба роҳ монда, ҳамзамон таҷдиди таҷҳизоти соҳа, бозомӯзии мутахассисони Маркази авиатсионии метеорологӣ дар хориҷӣ кишвар роҳандозӣ мегардад.

Сафараи мутахассисони ширкати “SKYMAX TECHNOLOGIES” то 15-уми ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.

 

                                                                              Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”