Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ “СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОРО БА ДАВҲА ОҒОЗ МЕНАМОЯД

ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ “СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОРО БА ДАВҲА ОҒОЗ МЕНАМОЯД
305

Чоп кардан

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар якҷоягӣ бо ширкати Fly.Tj парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа шурӯъ менамояд. Хатсайри мазкур ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такон бахшида, ҳамкориҳои фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва сайёҳиро таҳким хоҳад дод. Парвози аввалин дар хатсайри нав санаи 28-уми ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст ва тавре интизор меравад, парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе иҷро мешаванд. Дар ин хусус КВД “ Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар медиҳад.

Вақти парвоз аз Душанбе 09:00, аз Давҳа - 12:20 муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе – Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.

Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар робита бо ифтитоҳи хатсайр иброз дошт: “Хушҳол аз он ҳастем, ки парвоз дар соли таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар роҳандозӣ шудааст. Имрӯз ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва шарикӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн босуръат рушд ва таҳким меёбанд ва итминони комил дорем, ки парвозҳои мустақим барои афзоиши гардишгарии байни давлатҳо ва рушди сайёҳӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад. Алҳол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар барои шаҳрвандони ду кишвар низоми бераводид амал менамояд ва умедворем, Давҳа барои дӯстдорони сайру саёҳат бозёфти воқеӣ хоҳад буд”.

Парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи байналмилалии Ҳамад, ки имсол дигарбора беҳтарин фурудгоҳи ҷаҳон дониста шудааст, иҷро карда мешаванд. Фурудгоҳ ба мусофирон сатҳи беҳтарини хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд ва он дар чор километрии Давҳа мавқеъ гирифтааст. Фурудгоҳи Ҳамад мутамарказ мебошад ва ҷаҳонгардон имкон доранд аз ин фурудгоҳ ба Аврупо, Амрико, Австралия ва дигар қитъаҳои олам сафар намоянд.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр» дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 фаъолият менамояд ва узви комилҳуқуқи Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат аст. Ширкат ба тавсеаи шабакаи парвозҳову парки ҳавопаймоӣ нигаронида шуда, дар айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.