Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИРКАТ ДАР САММИТИ КОНФРОНСИ 29-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

ШИРКАТ ДАР САММИТИ КОНФРОНСИ 29-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
332

Чоп кардан

12 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокдоронро дар макони баргузории ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвари мо ба ҳайси роҳбари давлати пешсаф дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим дар ифтитоҳи ҳамоиши сарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба масъалаҳои хавфу таҳдидҳои иқлимӣ ва пайомадҳои онҳо ҷалб карда, даъват намуданд, ки ҳамагон талошу амалҳои худро барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ бамаротиб зиёд намоянд.

Таъкид гардид, ки тадбирҳои андешидашаванда, бешубҳа, барои таҳкими тавонмандии кишварҳо дар мутобиқшавӣ ва коҳиш додани осебпазирӣ аз тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути кумаки молиявии кишварҳои рушдёфта мусоидат менамояд.

Дар робита ба  гузариш ба “энергияи сабз” пешниҳод гардид, ки дар ин самт амалҳои таъхирнопазир андешида шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки истифодаи самараноки сарчашмаҳои неруи таҷдидшаванда барои коҳиши партофти газҳои гулхонаӣ ва рушди “иқтисоди сабз” мусоидати муассир хоҳад кард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба қабули Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” аз ҷониби Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки “мо ният дорем,  то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”.

Гуфта шуд, ки имрӯз аллакай 98 фоизи барқи мо аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол мешавад ва ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дошта, аз рӯйи ин нишондод кишвари мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамчунин диққати роҳбарони кишварҳо ва коршиносонро ба мавзӯи пайвастагии зичи обу иқлим ҷалб сохта, пешниҳод намуданд, ки ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, барои эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ташаббус намуд, ки бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал қабул гардид.

Роҳбари давлат бо қаноатмандӣ зикр доштанд, ки дар ин замина, инчунин, “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, дар назди Созмони Милал Хазинаи мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

“Мо, ҳамчун ҳаммуаллифи ин қатънома, ҳиссаи худро дар ин Хазина гузоштем ва аз ҳамаи шариконамон низ даъват менамоем, ки аз ин иқдом пайравӣ кунанд”, - изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки дар асоси қатъномаи мазкур бо мақсади баррасии ҳамаҷониба ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, моҳи майи соли 2025 дар Душанбе гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо аз ҷонибдории пешниҳоди якҷои Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар ин хусус ёдовар шуданд.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти аҳаммияти хоссаи масъалаҳои зикршуда ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, пешниҳод намуданд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

 

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблуғгузории соҳаи иқлим, ки дар Павилиони Покистон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои ташкили ин чорабинӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар он арзи сипос карданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ҳамаи минтақаҳои дунё, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо мушкилоти ҷиддии тағйирёбии иқлим, ки яке аз сабабҳои асосии ба вуқӯъ омадани офатҳои табиӣ мебошад, рӯ ба рӯ шудааст.

Тавре маълум аст, аз таъсири паёмадҳои харобиовари офатҳои табиӣ, дар баробари талафоти ҷонӣ, ба иқтисоди кишварҳо зарари ҷиддии моддиву молиявӣ низ мерасад.

Дар ин зимн зарур шумурда шуд, ки бо мақсади ҳалли чунин таҳдидҳои глобалӣ аз амалҳои ҳамоҳангшудаи муштарак, бахусус тариқи маблағгузорӣ ба соҳаи иқлим кор гирифта шавад.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи он кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад, ки дар баробари таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад”.

Зикр гардид, ки бо назардошти паёмадҳои харобиовари офатҳои табиӣ, Тоҷикистон ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва устувории муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, муддати 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро пеш мебарад.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим тайи ин давра тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтаанд.

Ба андешаи Сарвари давлати мо ин ташаббусҳо заминаи мусоидро барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, аз ҷумла онҳое, ки дар Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дарҷ гардидаанд, фароҳам овардааст.

 Таъкид шуд, ки Тоҷикистон чун ҳамеша омодааст дар масири ҳифзи захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо ва устувории иқлим, иқдомҳои созандаи худро идома диҳад. 

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо аз даъвати ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фаъолтар маблағгузорӣ кардан ба мушкилоти иқлим ва механизмҳои инноватсионии молиявӣ барои тақвияти тавонмандии кишварҳои осебпазир, хусусан давлатҳои рӯ ба тараққӣ, дар роҳи мутобиқшавӣ ба таъсирҳои тағйирёбии иқлим ҷонибдорӣ менамоем.

Таъсиси эътилофи қавӣ ва фарогир аз ҷониби кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва шарикони рушд барои таблиғи дастаҷамъонаи ислоҳоти байналмилалии низоми маблағгузории иқлим ва бунёди ояндаи устувор барои наслҳои оянда амри муҳим номида шуд.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки мизи мудаввари имрӯза барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки минбаъдаи кишварҳо дар муқовимат бо тағирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои ҳаётан муҳимми оби сайёра нақши муҳим хоҳад дошт.

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки об ва иқлим ҳамбастагии зич доранд ва мудирияту истифодаи оқилонаи об дар раванди ҳалли мушкилоти иқлим нақши калидӣ мебозад.

Ишора карда шуд, ки дар як муддати начандон зиёд мавзуи об бахшҳои асосии мундариҷавии конфронсҳои марбут ба иқлимро фаро гирифт.

Ба ақидаи Сарвари давлати мо, ба ин раванд, бешубҳа, конфронсҳои иқлимӣ дар Глазго, Шарм-уш-Шайх ва Дубай саҳми босазо гузоштанд.

Гуфта шуд, ки кишвари мо зиёда аз ду даҳсола аст, ки масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд бомаром ва фаъолона пеш мебарад. Дар ин зимн, Тоҷикистон, бо дарназардошти пайвастагии зичи рӯзномаҳои обу иқлим, ба ҷойгоҳи хос пайдо кардани мавзӯи об дар раванди гуфтушунидҳои расмии конфронсҳои иқлимӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.  

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони худ мавзуи мазкурро дар чорчӯби Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, Конфронси оби Созмони Милал дар соли 2023, “Раванди оби Душанбе” ва дигар платформаҳои муҳими байналмилалӣ пайгирӣ намудааст.

Зикр карда шуд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор метавонанд барои ҳалли мушкилоти обу иқлим заминаи хуб фароҳам созад. 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба яке аз ҷанбаҳои муҳимми мавзуи  обу иқлим - обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намуданд. 

Таъкид гардид, ки ҳифзи пиряхҳо ба масъалаи мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

“Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2025-ро ҳамчун “Соли ҳифзи пиряхҳо” эълон намуд. Тибқи қатъномаи дар ин хусус қабулгардида, ҳамчунин, “Фонди эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд ва Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, саҳми молиявии худро ба Фонди мазкур гузошт”-изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар асоси қатъномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид  Тоҷикистон  моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро баргузор менамояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузор кардани ин ҳамоиши сатҳи баландро боло бурдани сатҳи огоҳӣ, мубодилаи маълумот ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли ин мушкилот ва ҳамбастагии масъалаҳои обу иқлим арзёбӣ карданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об ва дар ин замина барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии кишвари мо ва ташвиқи сармоягузорон ба тақвияти ҳамкории муассиру босамар омода гаштааст.

 

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин чорабиниро дар раванди татбиқи қатъномаи Созмони Милал қадами муҳим шумурда, таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии он пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.

Зикр гардид, ки зери таъсири тағйирёбии илқим, пиряхҳо, ки ба таври умум, 75 фоизи захираҳои асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, босуръат коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурда шуд. 

Сарвари давлат иброз доштанд, ки маҳз бо назардошти муҳиммияти ин масъала, қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025, ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид. Дар заминаи ин қатънома, ҳамчунин, Хазинаи эътимодноки байналмилалӣ оид ба  ҳифзи пиряхҳо зери парастории Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст.

Гуфта шуд, ки кишвари мо бар асоси қатъномаи мазкури Созмони Милал, моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, аввалин Конфронси байналмилалиро дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо доир хоҳад кард.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки илова ба эълони  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса, моҳи августи соли равон қатъномаи дигареро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ аз илмҳои яхшиносӣ” қабул намуд.

Ин қарори муҳим бо мақсади идомаи амалҳои муассир дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин мавзуи мубрам қабул гардид.

Пешниҳод шуд, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврии амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо, миёни кишварҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю дониш густариш дода шавад.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амр метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад. Дар баробари ин, ҷалби захираҳои молиявии ҷаҳонӣ ба ин мақсад, аз ҷумла ба Хазинаи махсуси ҳифзи пиряхҳо амри муҳим арзёбӣ гардид.

Лозим дониста шуд, ки Фонди Иқлими Сабз ба дастгириашон аз кишварҳои осебпазир, хусусан Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бештар аз натиҷаи тағйирёбии иқлим хисорот мебинанд, авлавият диҳанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

“Кишвари мо мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро, аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст”-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза барои ғанӣ гардонидани муҳтавои чорабиниҳои Конфронси 29-уми Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим саҳми босазо хоҳанд гузошт ва минбаъд нигарониҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.

Дар ин чорабинии муҳими созмондодаи Тоҷикистон, ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассанӣ, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селеста Сауло, ноиби директори генералии ЮНЕСКО хонум Лидиа Брито ва коршиносони созмонҳои дигари бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини Тоҷикистон барои баргузорсозию мизбонии ин чорабинии муҳим ва ҳам барои талошҳои муассири ҷаҳонӣ дар роҳи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.

 
                                                                                                   https://prezident.tj/