ПЕШВОИ МАҲБУБИ МИЛЛАТ
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин санае мебошад, ки бисёр муҳим ва фаромушнашаванда аст, зеро новобаста аз он, ки иҷлосия дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил доир гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо овоздиҳии бештаре аз ҷониби вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таин шуд. Бале аз ҳамон лаҳза мароми ватансозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ,бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги шоёни аср оғоз гардид. Фарзанди сарсупурдаву дилогоҳ ва ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне идораи давлатдориро дар Тоҷикистони тозаистиқлоли парешонгашта ба даст гирифт, ки мардум ба ояндаи нек боварӣ надоштанд. Даруни оташи тиру туфанг олуда буданд ва ягона роҳи наҷот ёфтани худро дар фирор кардан аз марзи кишвар меҳисобиданд. Аммо ваъдаҳои қатъии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд: “ Ман ба шумо сулҳ меорам”, “ То ҳастам қасам ба шири поки модарам Ватанро ба дасти душманон намедиҳам” ба дили мардум умеди зистанро ба оянда дучанд менамуд.
Хушбахтона тамоми ваъдаҳои Роҳбари тозатаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо душвориҳо амалӣ мешуданд. Васфи чунин корнамоиҳои бемислро шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар эҷодиёти худ хеле хуб таҷассум намудааст:
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Маҳз дар чунин шароит ба уҳда гирифтани идоракунии ҷомеа ва ба танзим даровардани тамоми муносибатҳо ба шахсе имкон медод, ки ӯ воқеан ҳам дорои иродаи сиёсӣ ва қудрати фавқулодаи идоракунӣ бошад, ки чунин шахси арзанда ва боваринок ба ин мансаб дар таърихи давлатдории навини мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.
Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон аз соли 1990 сарчашма мегирад. Ин дигаргунии муҳими сохторӣ дар марҳилаи мушкилии таърихӣ бояд бисёр масъалаҳои рӯзмарраро ба анҷом мерасонид. Вале ҳақиқати таърихӣ нишон дод, ки яке аз масъалаҳои зарур ин на таъсиси ниҳод, балки сатҳи эътирофи ниҳоди таҷассумкунандаи ҳокимият мебошад. Дар чунин ҳолат фақат идоракунии дурусти равандҳо, вобаста ба хусусияти ҳар як марҳила ва фаъолияти мақсадноку дурандешонаи ниҳоди сарварӣ метавонад ҳамаи ин равандҳоро ба созандагӣ раҳнамоӣ намояд. Дар марҳалаи мушкилтарини ташаккули давлатдории миллӣ маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд хатари нобудшавии онро аз байн бардоранд ва давлатро аз таҳдиди нестшавӣ раҳо бахшанд.
Ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат баҳри Ватани аҷдодии худ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ӯ муттаҳид шуда, барои тай намудани роҳи душвори миллатсозӣ ӯро ҳамроҳӣ намуда ва ҳамчун шахсияти дорои асолати миллӣ дошта эътироф намоянд. Аз ин рӯ дар ҷумҳурии мо низ мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриявиро касб намуда рӯ ба тараққӣ дар самтҳои гуногун намуд.
Бо азму ҷоннисорӣ ва талошҳои пайгирона, роҳбари оқилу фозил, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвонҳои баланд чун: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ”, “Пешвои миллат” шарафёб гардид.
Натиҷаи чунин корҳои бемислу нотакрори фарзанди ҷонфидои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҳама самтҳои кишвар пешравиҳои бузург ба назар расида Тоҷикистон ба як давлати гулбасару афсонавӣ мубаддал гардидааст.
Бунёди шоҳроҳҳои азими аср, қасрҳо, корхонаву ташкилот ва садҳо мактабу кӯдакистону амсоли онҳо ногузир аст. Сохтмони иморатҳои хуштарҳу замонавӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар қомат афрохта истодаанд, Тоҷикистонро ба як давлати дорои амну суботи комил дар минтақа табдил дода, таваҷҷуҳи оламиёнро ба ин сарзамини биҳиштосо ҷалб намуда истодаанд.
Пешвои муаззами миллат аз рӯзи ба сари қудрат омадан дар баробари дигар самтҳо, соҳаи нақлиёт, бахусус ҷоннок намудани корро дар самти нақлиёти ҳавоӣ таъкид намуда, дар пайдо намудани роҳҳои манфиатовар пайваста чораҳо меандешанд. Дар ҳар сафари худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари соҳаҳои фарҳангу маориф, тиб, иқтисодиёту кишоварзӣ ва дигар самтҳо бобати ҳаракати ҳавоии кишвар низ ҳатман созишномаҳо ба иҷро мерасонанд. Созишномаҳои имзогардидаи Пешвои муаззами миллат ба он боис гардид, ки тавассути он алоқаҳои байналмилалии Тоқикистон вусъат ёфта, хушбахтона имрӯз Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба ширкатҳои бонуфузи кишварҳои мутараққӣ хизматрасониҳои аэронавигатсиониро мутобиқи стандартҳои ИКАО таъмин менамояд.
Сармутахассиси Маркази матбуоти Боязитов Ф.А