Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
371

Чоп кардан

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки роҳбарият ва кормандони КВД “Тоҷикаэронавиагсия” баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми директори генералии корхона Даврон Шодмондекзода аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳозиринро табрик намуд.

“Барои мардуми тоҷик 16-уми ноябр яке аз санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз маҳсуб ёфта, хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору эътиқоду саодатмандии мардум дар ин рӯз баён мегардад”, - зикр гардид ҳангоми суханронии табрикотӣ.

Ёдовар шуд, ки дар вазъи мураккаб баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ягона роҳи наҷоти Ватан буд. Тибқи қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъмини шароити амниятӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар вазъияти ноором доир гардида, дар он бо раъйи бештари вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Он рӯзи таърихиву сарнавиштсоз ва наҷотбахши миллати тоҷик, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар саҳифаҳои таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

“Дар марҳалаи мушкилтарини ташаккули давлатдории миллӣ маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд хатари нобудшавии онро аз байн бардоранд ва давлатро аз таҳдиди нестшавӣ раҳо бахшанд. Маҳз дар чунин шароит ба уҳда гирифтани идоракунии ҷомеа ва ба танзим даровардани тамоми муносибатҳо ба шахсе имкон медод, ки ӯ воқеан ҳам дорои иродаи сиёсӣ ва қудрати фавқуллодаи идоракунӣ бошад. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Таҷрибаи идоракунӣ давоми зиёда аз се даҳсолаи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсии ниҳоди президентӣ муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, барои дуруст муайян намудани афзалият дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ мерасонад”, - ёдоварӣ намуд, дар баромади худ Роҳбари дастгоҳи директори генералӣ Зафар Аҳмадзода.

       

“Сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон буд. Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии миллати тоҷик хеле боло рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва шаҳри Душанбе бо симои зебо ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст”, - изҳор намуд сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ Шараф Иззатуллоев.

   

“Бо шарофат ва ҷаҳди фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд”, - қайд гардид дар суханронии муҳандиси маркази метеорологӣ Саидҷон Мирзоев.

   

Дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат рушди иқтисодиёт таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон сатҳи камбизоатӣ коҳиш дода шуда, ҳамасола сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд мегардад. Дар ҳамин замина рушди дигар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаи нақлиёти ҳавоӣ дар кишвар ҷоннок гардида, дар пайдо намудани роҳҳои манфиатовар пайваста чораҳо амалӣ мегардад. Таҳаввулоти ба даст омада боиси он гардид, ки соҳаи авиатсия рушд намуда, сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ низ тадриҷан боло рафт. Ин боиси он гардид, ки имрӯз КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарии директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода бо созмонҳои бонуфузи соҳавӣ таъмини хизматрасониҳои аэронавигатсиониро дар ҳарими ҳавоии кишвар мутобиқи стандартҳои ИКАО амалӣ менамояд.

Пас месазад, ки мардуми сарбаланду хушиқболи тоҷик бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи ҷомеаи Тоҷикистон, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пойдории истиқлоли ҷумҳурӣ, барои боз ҳам ба мулки озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил додани Ватани азизамон саъйю талош намоем.

   
  Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”