ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
22-уми ноябри соли равон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти корхона ва кормандон баргузор шуд. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Пасон, муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.
“Парчами давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллати соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори ҳар яки мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон буда, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии худро меёбанд. Дар ин замина ҳадаф аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад”, - қайд гардид дар суханронӣ.
Сипас роҳбари Дастгоҳи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Аҳмадзода Зафар, ҷиҳати баёни маърӯза, бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо сухани табрикотӣ баромад карда, иброз намуд, ки “Давлату миллат бо парчам худшиносиро иттиҳод ва арзишҳои миллиро баён мекунад. Парчам илҳомбахши фарҳангӣ ва иҷтимоии мардум аст, ки дар таърихи кишвар ва арзишҳои устувори он таҳкими пояҳои давлатдории миллиро фароҳам меорад. Эҳтироми Парчам сабаби иттиҳод ва ҳамбастагии мардум мебошад, ки барои рушду тавсеаи давлат ва фароҳам овардани зиндагии шоиста муҳим аст. Парчам ҳамчун мансубияти шаҳрвандон ба давлат нақши муҳим дорад. Он на танҳо рамзи давлатӣ, балки аломати ифтихор ва меҳру дӯстдорӣ ба Ватан ҳам аст. Истифодаи дурусти парчам ва риояи талаботи қонун, дар ин масъала муҳим аст, зеро он бо арзишҳои миллӣ ва шаъну шарафи давлатдорӣ алоқаманд мебошад”.
“Ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳангӣ миллии мо аз оғози таърих то ба имрӯз мебошад. Дар даврони истиқлолият барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат тадбирҳои назаррас амалӣ шудаанд”, - изҳор дошт дар баромади худ сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ Шараф Иззатуллоев.
“Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент ва марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватан фаро мегирад ва ин эҳсосоти гарм ҳар сокини мамлакатро ба ояндаи дурахшон роҳнамоӣ месозад. Таҳти ҳамин парчам халқи тоҷик истиқлолияти хешро устувору пойдор сохт, зери ҳамин парчам саф кашида, созандагӣ менамояд ва дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёд ба комёбиҳои беназири таърихӣ мушарраф мегардад”, - изҳор намуд сардори Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Пайрав Ҳусенов.
“Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштан ба арзишҳои миллӣ ва таҷассуми онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад”, - зикр дошт Раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Исроил Нуралиев.
Ҳамзамон муҳосиби Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибот ва молия Тоҳир Саидхоҷаев ҳозиринро табрик намуда, оид ба нақши парчам дар ҷомеаи кунунӣ ёдовар шуд.
Дар фарҷом аз шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси замони муосир ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ барои ҳар як фарди ҷомеа аҳамияти торафт бештар касб менамояд. Аз ин рӯ, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар зери Парчами давлатӣ худ ва бо дастгирии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар муттаҳид гашта, баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навин саъю талош варзида, зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз намоем.
Марказ матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”