ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамкасбони муҳтарам!
Боиси хушнудист, ки мо имсол низ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Ин рамзи таҷассумкунандаи симои миллӣ ва давлатӣ, тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии ояндаи сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Гарчанде таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав дар таърихи истиқлоли навини мо бошад, аммо он бо таърихи бостонии миллати тоҷик вобастагии қавӣ дошта бо “Дирафши ковиёнӣ” марбут дониста мешавад. Парчами миллӣ рамзи фарқкунанда ва ҳудудҳои марзии давлатӣ мебошад, ки бо рангу нишонаҳои зарурӣ ифода ёфта бо санадҳои қонунгузории махсус танзим карда мешавад.
Иҷлосияи 16-ми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини кишвар нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошта, 24-ноябри соли 1992 барои тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ талоши пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад.
Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандагари дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми кишвар ба шумор меравад. Маҳз ҳамин арзишҳо дар мазмуну муҳтавои рамзии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфта, аввалин маротиба дар таърихи навини он пайванди миллат бо таърихи куҳани худ ифода меёбанд.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи шукуфоиву ифтихор дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Садоқати моро ба Ватану миллат қавӣ намуда эҳтирому самимиятро ба давлату давлатдорӣ бештар месозад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон тандурустӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям!