Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Баимзорасонии созишнома дар бораи тартиби корӣ байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ

Баимзорасонии созишнома дар бораи тартиби корӣ байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ
937

Чоп кардан

29 марти соли 2021 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишнома дар бораи тартиби корӣ байни марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кобул, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.

Дар маросими баимзорасонӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Субҳонзода Икром Субҳон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Вафаезода Қосим иштирок намуданд.

Аз ҷониби роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки Созишномаи мазкур ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи мубодилаи маълумот дар самти амалишавӣ  ва танзим, ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ, таъмини тартиби низоми интиқоли назорат дар ҳаракати ҳавоӣ мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки марказҳои мазкур бо якҷоягӣ барои мубодилаи иттилоот оид ба ҳама гуна тағйирот дар вазъи амалиётӣ, ки ба ҳаракати расмиёти амалиётӣ таъсир расонанд, огоҳ мебошанд. Он бояд мавҷудияти таҷҳизот ва хизматҳо, иттилооти метеорологӣ, робитаҳои иртиботӣ ва маҳдудияти иқтидор барои системаҳои ATS-ро дар бар гирад.

 Ҷонибҳо омодагии худро барои идома додани ҳамкориҳои фаъол дар соҳаҳои афзалиятнок баён намуданд.