ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ
28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони давлатҳои Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи низомию сиёсии ҷаҳон ва минтақаҳои амнияти дастҷамъӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастҷамъӣ, инчунин рафти омодагиҳо ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарони давлатҳо доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, робитаҳо бо дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои созмон дар соли 2025 табодули афкор намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев барои истиқболи самимӣ ва сатҳи баланди ташкили чорабинӣ изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлати мо таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба таъсири манфии шиддатёбии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ба кишварҳои аъзои СААД ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки “ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи имрӯза воқеияти кунуниро инъикос мекунанд ва мо ҷонибдори қабули қарорҳои муносиб доир ба онҳо ҳастем».
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ аз тасмим дар бораи тасдиқи Барномаи байнидавлатии ҳадафманди СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос намуданд.
Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо ба раёсати ояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар СААД хоҳони барору комёбӣ шуда, изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори муштараки босамар бо кишвари ҳамсоя омода аст ва ҷиҳати иҷрои нақшаҳои барои давраи раёсат муайяншуда ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дар поёни мулоқот сарони давлатҳо як қатор санадҳо, аз ҷумла Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, қарор дар бораи тасдиқи Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ғайраро ба имзо расониданд.