ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
1-уми декабри соли 2024 дар Федератсияи Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрии шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми вуруд ба Россия оғоз шуд. Назорати биометрӣ дар фурудгоҳҳои Москва – Шереметево, Домодедово, Внуково ва Жуковский амалӣ гардид. Лоиҳа инчунин дар гузаргоҳи Маштаковои вилояти Оренбург роҳандозӣ мегардад. Татбиқи таҷрибаи мазкур ба категорияҳои зерини шаҳрвандон аз ҷумла: шаҳрвандони Беларус, кӯдакони то 6 сола, дипломатҳо ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Россия ва аъзоёни оилаҳои онҳо, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки дар Федератсияи Россия аккредитатсия шудаанд ва аъзоёни оилаҳои онҳо дахлдор нест. Шаҳрвандони боқимондаи хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд бояд ҳангоми санҷиши шиноснома на танҳо дар даромадгоҳ, балки ҳангоми хуруҷ аз кишвар маълумоти биометрӣ супоранд. Дар сурати сарпечӣ аз супоридани биометрӣ шаҳрвандон наметавонанд марзи Россияро дар нуқтаҳои зикршуда убур намоянд. Дар минтақаи назорати шиносномаҳо дастгоҳҳои аксбардорӣ ва изи ангушт насб карда шудаанд. Худи раванд ройгон аст. Тавре ки Вазорати рушди рақамии Федератсияи Россия хабар дод, назорати биометрӣ як таҷрибаи маъмулии ҷаҳонӣ аст, масалан, барои гирифтани раводиди Шенген ва Бритониё истифода мешавад.
***
Аз 3-юми декабри соли 2024 ширкати “Air Canada” дар Фурудгоҳи байналмилалии Ванкувер (YVR) системаи рақамии муайян намудани шахсият (цифровая идентификация)-ро дар парвозҳои дохилӣ ҷорӣ намуд.
***
Мақомоти авиатсионии Куба НОТАМ (огоҳинома)-и қаблан нашргардида оид ба камбудии сӯзишвории авиатсиониро барои ҳама ширкатҳои ҳавопаймоӣ бидуни истисно дар фурудгоҳҳои Куба аз 1-ум то 8-уми декабри соли ҷорӣ бекор намуд.
***
Бо сабаби дучор шудан ба мушкилии техникӣ дар филтри сӯзишвории ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100”-и ширкати “Азимут”, ки дар хатсайри Минералние Водӣ – Сочи парвоз менамуд, ба фурудгоҳ баргашт.
***
Ширкати “Turkish Airlines” парвозҳоро аз Пулково ба Сидней ва Сантяго оғоз намуд.
***
Парвози мустақим байни Санкт-Петербург ва ҷазираи Ҳайнан (Чин) дар охири январ - аввали феврали соли 2025 пешбинӣ мегардад.
**
Тибқи таҳлилҳои Россавиатсия соли 2024 шумораи садамаҳо дар авиатсияи тиҷоратӣ ва авиатсияи умумии Федератсия Россия нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфт.
***
Фурудгоҳи байналмилалии Иркутск технологияҳои пешрафта барои таъмини бехатарӣ ва самаранокии эвакуатсияи ҳавопаймоҳоро дар ҳолатҳои фавқулодда ҷорӣ менамояд.
***
Аз 27-уми ноябри соли 2024 тибқи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия фурудгоҳҳо ва аэродромҳои авиатсияи гражданӣ, иншоотҳои системаҳои алоқа, навигатсионӣ ва идоракунии ҳаракати ҳавоии категорияҳои якум ва дуюми иншооти инфрасохтори нақлиётиро ҳамчун объектҳое тасниф кардааст, ки дар атрофи онҳо минтақаҳои амниятӣ муқаррар карда мешаванд.
***
Аэрофлот аввалин ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Россия гардид, ки се адад ҳавопаймои Airbus A330-ро тавассути иҷораи “мокрый” аз ширкати “iFLY” дастрас намуд.
***
Корпоратсияи “Ростех” оид ба барқарор гардидани фаъолияти системаи бақайдгирии “Леонардо” хабар дод. Ёдовар бояд шуд, ки дар натиҷаи мушкилии техникии глобалӣ дар системаи Леонардо (Сирена-Тревел), харидории чиптаҳо, баргардонидани чиптаҳо ва дигар хизматрасониҳои иловагӣ мушкил гардида буд.
***
Ширкати “Яковлев” аввалин дастурамали парвози электрониро дар Федератсияи Россия барои ҳавопаймои SuperJet-100 таҳия ва сертификатсия намуд.
***
Субҳи имрӯз дар натиҷаи номусоидии обу ҳаво Фурудгоҳи Богородскийи Хабаровск муваққатан баста шуд.
***
30-юми декабри соли ҷорӣ қатъи барқ дар системаҳои канализасионии парвозҳо мушкилот пеш овард, ки дар натиҷа парвоз ба шаҳрҳои Филаделфия ва Орландо қатъ гардиданд.
***
Мақомоти Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо таваққуфи иҷозаи ширкати “Pakistan International Airlines”-ро барои анҷоми парвозҳо дар кишварҳои сеюм лағв намуданд, ки ин ба ширкат имкон дод, ки парвозҳоро ба Иттиҳодияи Аврупо дубора барқарор намояд.
***
Таҳиягари пешрафтаи ҳавопаймоии Британияи Кабир “ARC Aerosystems” барои дронҳои боркашонии амудии парвоз ва фуруд (VTOL) C600 харидор меҷӯяд.
***
Фурудгоҳи Ҳонконг расман системаи се хатти парвозро ба истифода супурд.
***
15-уми ноябри соли 2024 ширкати “China Southern Airlines ” дар филиали шимолии худ аввалин зинапояи (трап) нави мусофирбарии барқироро ба истифода дод, ки дар пешбурди ҳамлу нақли сабз ва хизматрасонии муассир як қадами муҳим гузоштааст.
***
Ширкати “Turkish Airlines” нахустин парвози мустақими худро аз Истанбул ба Сидней тавассути Куала-Лумпур бомуваффақият анҷом дод.
***
Ширкати “Malaysia Airlines” аввалин ҳавопаймои худ Airbus A330neo-ро аз ширкати “Avolon” ба иҷора гирифт.
***
Комиссияи Иттиҳоди Аврупо пешниҳоди ширкати “Korean Air”-ро оид ба харидории ширкати “Asiana Airlines” тасдиқ намуд, ки ҳоло интизори тасдиқи ниҳоии ИМА мебошад.
**
(Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines)