ЧАРО ҲАВОПАЙМОҲО ОДАТАН САФЕДАНД?
Сабаби асосии ранги сафеди ҳавопаймо дар он мебошад, ки нури офтоб дар он инъикос мегардад. Дигар рангҳо қисми зиёди рӯшноиро мегиранд. Ҳадди аққал ранги сафед дар вақти парвоз баланд шудани ҳарорати ҳавопайморо ба танзим дароварда, инчунин зарари эҳтимолии нурҳои офтобро ҳангоми таваққуфи тӯлонӣ коҳиш медиҳад.
Илова бар ин ҳангоми парвоз дар баландӣ ҳавопаймо ба шароити гуногуни атмосферӣ дучор гардида, бо мурури замон ранги он тира мегардад. Бинобар ин аз нав ранг намудани он барои ширкатҳо гарон мебошад. Сабаби дигари ранги сафеди ҳавопаймо дар зуд муайян намудани зарар ё осеб мебошад, ки зуд ислоҳ намудани он дар таъмини бехатарии парвоз муҳим мебошад. Дар ҳамин замина тибқи маълумоти мутахассисон ранги сафед зарбаи паррандагонро бо ҳавопаймо коҳиш медиҳад.
Оё шумо медонед, ки агар як ҳавопаймои ширкати “Boeing” бо рангҳои гуногун ранг карда шавад, он ба вазни ҳавопаймо 250 кг вазни дигар илова менамояд? Аммо ранги сафед аз 25 кг зиёд нестанд!
Ҳар қадаре ки вазни ҳавопаймо зиёд гардад, ҳамон қадар сӯзишворӣ зиёд масраф мегардад. Бо ранги сафед оро додани ҳавопаймоҳои худ ширкати “American Airlines” харҷи сӯзишвориро дар як сол бо арзиши беш аз 2 миллион доллари ИМА сарфа менамояд.
Пас ба хулосае омад, ки ҳеҷ як ҷузъиёт дар истеҳсоли ҳавопаймо бе сабабҳои узрнок анҷом дода намешавад. Вале муҳимтар аз ҳама, ҳар яке аз ин омилҳо парвозро боз ҳам бароҳат ва бехатар месозад!