ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД БИНОҲО ВА ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ БИНОИ НАВИ КУМИТАИ АНДОЗ
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузоштанд.
Зимни шиносоии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 бинои 3 ва 16 ошёнаву таҳхона иборат буда, дорои 12 маҷлисгоҳи барҳаво, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бинои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонида мешавад.
Дар иншооти бунёдшаванда, 15 раёсат ва 36 шуъбаи кумитаи мазкур ҷойгир гашта, дар он 360 корманд фаъолият хоҳанд кард. Дар ин бино 6 лифти замонавӣ низ насб карда мешавад.
Ба ғайр аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо шароити замонавӣ, дар таҳхонаи бино барои 230 мошин таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мегардад.
Дар бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон мутобиқ ба талаботи замони муосир ва беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, имкониятҳо фароҳам хоҳад шуд.
Лоиҳаи мазкур бо назардошти талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии муосир амалӣ мегардад. Дар иншоот унсурҳое ҷой дода мешавад, ки ифодагари таъриху фарҳанги ибратомӯзи мардуми тоҷик буда, шукуфоӣ, субот ва пешрафти Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос хоҳад кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави хуштарҳу замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти судӣ бунёд гардида, дорои шароити пешрафтаи кору хизматрасонӣ мебошад.
Бинои Суди Олӣ аз 15 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи қариб 185 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Суди Олӣ дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонида шудааст.
Дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 25 воситаи нақлиёт мавҷуд аст.
Ороиши зоҳирии иншоот бо истифода аз тахтасангҳои хоро ва мармар сурат гирифта, намои бино бо истифода аз унсурҳои миллию санъати баланди меъмории муосир ва бо услуби хоси нақшу нигори тоҷикӣ зинат дода шудааст. Ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ оро ёфтааст. Барои ороиши дохили бино кандакориҳои гачӣ, панелҳо аз навъи чӯбҳои қимматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти судии кишвар ба истиқболи солгарди 35-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз бинои нави Суди Олӣ зикр карданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда кормандони мақомот вазифадоранд, ки ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ба таври бояду шояд ҳифз карда, волоияти қонунро таъмин намоянд.
Қомат афрохтани бинои наву замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти кишвар ба зебогии бештари шаҳри Душанбе мусоидат карда, идомаи мантиқии татбиқи амалии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ва шаҳрдории пойтахт мебошад.
Зикр бояд кард, ки бинои пештараи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев дар солҳои 1970 ҳамчун толори фарҳангӣ ба истифода дода шуда, ба талаботи фаъолияти мақомоти судӣ чандон ҷавобгӯ набуд. Норасоии ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҳокимаи судӣ ва маҷлисгоҳу дигар иншоот сабаб шуд, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави Суди Олӣ рӯйи даст гирифта шавад. Ин иқдоми Пешвои миллат аз ҷониби кормандони мақомоти судии кишвар пазироиии самимӣ пайдо кард.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар бобати таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ тавассути зиёд кардани воҳидҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир ва ғайра пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Дар умум, таъмини шароити зарурии моддиву техникӣ, бахусус бо биною таҷҳизоти муосир таъмин кардани судҳои шаҳру ноҳияҳо, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дорад.
Маҳз бо ташаббусҳои бевосита ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти судӣ дар қатори дигар соҳаҳои кишвар солҳои охир рушд ва такмил меёбад.
Дар ин давра барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити корӣ як қисми бинои судҳо бо тарҳи зебои меъморию ороишоти миллӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин шуд. Биноҳои нав бо назардошти шумораи умумии кормандон, толорҳои зарурӣ барои гузаронидани ҷаласаҳои судӣ, ҳуҷраҳои кории дорои шароити зарурӣ ва ҳайати хизматрасон омода мегардад.
Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2000-2024 дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бинои судҳо аз нав сохта ва ба истифода дода шуд.
Беҳдошти вазъи иҷтимоии судяҳо, хусусан бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин кардану давра ба давра зиёд намудани музди кори онҳо яке аз омилҳои таҳкими ҳокимияти судӣ мебошад. Тайи солҳои 2000-2024 бо таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ 80 корманди мақомоти судии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
Дар вохӯрӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди мақомоти судӣ, иқдомоти роҳбарияти давлат барои қабулу амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддию мурофиавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандони соҳа бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, принсипу меъёрҳои ҳокимияти судӣ муқаррар ва тартиби фаъолияти онҳо мушаххас гардид.
Таъкид карда шуд, ки тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо буда, нақшу мавқеи он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст.
“Дар ҳамин асос, соли 1995 барои рушду такмили фаъолияти мақомоти судӣ шаш қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Қонунҳои зикршуда фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судии кишварро мукаммал гардониданд” - изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти яке аз воситаҳои асосӣ ва боэътимоди ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани адолати судӣ, судяҳоро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монанд.
Гуфта шуд, ки судяҳо вазифадоранд, ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақилу беғараз бошанд ва қарорҳои судиро танҳо дар доираи талаботи қонун қабул намоянд.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои беҳсозии шароити моддиву техникии судҳо баъд аз қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 “Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ” давра ба давра ҳаллу фасл карда шуд.
“Дар ин раванд, 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, меъёрҳои ҳуқуқии соҳа мукаммал ва сохтори судии кишвар такмил дода шуд”-изҳор доштанд Роҳбари давлат.
Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ воҳидҳои иловагии корӣ ҷудо намуд, ки дар натиҷа шумораи кормандони соҳа 252 воҳиди корӣ - 116 судя ва 136 корманди дастгоҳи судҳо зиёд карда шуд.
Зикр гардид, ки дар ин раванд, ба масъалаи ҷалби васеи бонувон ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа дар низоми ҳокимияти судӣ низ шумораи судяҳо аз ҳисоби онҳо зиёд шуд. Имрӯз дар низоми ҳокимияти судии кишвар аз 385 судя 97 нафари онҳо занон мебошанд, ки дар вазифаҳои раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият дошта, дар таъмини адолати судӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Масъалаи дигаре, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи кормандони соҳаро ба он ҷалб намуданд, ин вазъи воридоти парванда ва дархосту пешниҳод мебошад.
Президенти кишвар таъкид доштанд, ки санадҳои судӣ аз номи давлат бароварда мешаванд ва онҳо бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат намуда, барои барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона карда шаванд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин фаъолияти кормандони мақомоти судиро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар кори онҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо супоридани санадҳои судӣ ва ғайра дар назди судяҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ба шахсони масъули соҳа супориш дода шуд, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вобаста ба ин, зарур шумурда шуд, ки судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мунтазам аз курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ гузаронида шаванд.
Роҳбарияти мақомоти судӣ, ҳамчунин, вазифадор гардиданд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузории чорабиниҳоро бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, суҳбату вохӯриҳо ва истифода аз воситаҳои ахбори умум зиёд намоянд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки судяҳо бояд ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд, шаъну шарафи судягиро нигоҳ доранд, ваколатҳояшонро бо масъулияти баланд анҷом диҳанд ва ба мардум содиқонаву беғаразона хизмат намоянд.
Бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи “Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ даҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон аз таъмир бароварда шуд.
Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ дар толор барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҳунарӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Боми бино иваз ва намои берунии он навсозӣ гардидааст. Фаввораҳо барқарор шуда, саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишию сояафкан оро ёфтааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифодаи бо самар аз имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар, эҷоди оҳангу сурудҳои баландмазмун, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод ба кор, талқини худшиносӣ ва маънавиёти баланд дар ниҳоди шаҳрвандон ҳидоят намуданд.
Дар даромадгоҳи муассиса дастовардҳои сохторҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд.
Толори консертӣ ва роҳраву ҳуҷраҳои кории Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъмирталаб шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ҷавобгу набуд. Сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аҳли ҳунар барои кору эҷод аз имконияти замонавӣ баҳравар шаванд. Ин туҳфаи навбатии Роҳбари давлат ҳавасмандии ҳунармандонро барои эҷоди асарҳои нав, аз ҷумла суруду оҳангҳои ҷаззоб афзун мегардонад.
Зимни боздид аз намоиш Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳунармандон бояд бо истеъдоди фавқулодаю сурудҳои баландмазмун дар баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон ва муаррифии фарҳангу тамаддуни волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон дар толори барҳаво аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки таҷассумгари дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ғании тоҷикӣ буд.
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот, ки тарҳи муосир ва шароити мусоиди корӣ доранд, ба ташаккули самтҳои фаъолият дар мақомоти прокуратураи кишвар заминаи муассир мегузорад.
Бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино дорои 38 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ буда, истифода аз ин имконот ба таъмини ҳарчи бештари шароити корӣ мусоидат менамояд.
Маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, китобхона, толори машқу тамрин, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон раванди фаъолияти ин ниҳоди назоратиро мукаммал мегардонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ин имконоти фароҳамшуда масъулинро дар самти пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таъмини волоияти қонун бо роҳи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифадор намуданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди фаъолият дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Таъсиси донишкада маҳсули тадбирҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, лаёқатманд ва аз лиҳози ҳуқуқӣ рушдёфта нақши муассир дорад.
Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 толор, 17 ҳуҷраи корӣ, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори мукаммал дорад, ки ба ташаккули дониши ҳуқуқӣ ва тақвияти маҳорати касбии кормандон мусоидат менамояд.
Тибқи талабот дар донишкада курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ ба роҳ монда шуда, ҳамасола зиёда аз 600 корманди мақомоти прокуратура метавонанд дар доираи барномаҳои таълимӣ дониш ва малакаи касбии худро такмил диҳанд.
Таълим аз ҷониби 17 омӯзгори соҳибтахассус сурат мегирад, ки дар ин ниҳоди назоратӣ собиқаи зиёди корӣ доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои омӯзиши амиқи донишҳои соҳавӣ ба кормандон ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти такмили таҷриба ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.