Ид дар КВД "Тоҷикаэронавигатсия"
1 062
Дар Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" санаи 03.09.2021 бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Бо суханони табрики Директори генералии корхона Л.Б.Ашӯров ба ҷаласа ҳусни ифтитоҳ баста, дар баробари табрикот ба таври мухтасар дастовардҳои коллективи корхонаро дар солҳои истиқлолият ёдрас намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки ба шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти кишвар дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхона тавонист дар ҳама самтҳои фаъолияти худ ба пешрафтҳои назаррас ноил шавад, аз ҷумла, дар тӯли чанд соли охир Манораи муназзимӣ сохта ба истифода супорида шуд, ки дар маросими ифттитоҳаш бевосита Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ҳамчунин дар ин чанд соли охир навсозии таҷҳизоти таъминоти радио-техникӣ, таҷҳизоти обуҳавошиносӣ ва ғайра амалӣ карда шуданд. Илова бар ин, корхона дар корҳои ободонии пойтахти кишвар - кабудизоркунӣ ва таҷдиди кӯчаҳо ҷалб гардида, иловатан таҷдиди инфрасохтор худ ва ғайрро ба роҳ монд.
Пасон бо табрикот муовинони директори генералӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ баромад намуданд.
Ҷаласаи тантанавӣ бо қардршиносиии пешқадамони истеҳсолот, эҳдои сипосномаву раҳматномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳусни анҷом ёфт.