Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАШКИЛИ ФАЗОИ ПУРСАМАР БО ШАРИКОНИ ЧИН

ТАШКИЛИ ФАЗОИ ПУРСАМАР БО ШАРИКОНИ ЧИН
426

Чоп кардан

Бояд ёдовар шуд  аз ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ, ки дар   Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ 05 декабри соли 2023 ба имзо расида буд, як сол сипарӣ мешавад. Бо мақсади ҳамоҳангсозии созишномаи мазкур, 4-умин нишасти техникии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки мутахассисини тарафайн дар шаҳри Душанбе  доир гардида буд.

То кадом андоза Протоколи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи робитаи ҳавоӣ ва Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ тавонистааст натиҷаи босуботи рушди соҳаро таъмин намояд, муовини сардори Раёсати рушд Урози Раҳмон чунин шарҳ дод: 

Шурӯъ аз соли 2010, баҳри иҷрои банди 2-уми Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими ҳамкорӣ аз 17 июни соли 2010 масъалаи кушодани  хатти ҳавоӣ байни ду давлат  мавриди баррасӣ қарор дошт.

Заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва алоқаи ҳавоӣ аз Протоколи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи робитаи ҳавоӣ аз 9 марти соли 1993, ки дар шаҳри Пекин ба имзо расидааст, оғоз мешавад. Илова бар ин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба алоқаи ҳавоӣ аз 25 марти соли 2002, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳавопаймоии гражданӣ аз  15 январи соли 2007 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2016, №600 тасдиқ гардидааст ва Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007 такмил дода шудааст.

Ифтитоҳи хатҳои нави парвозӣ, инчунин зиёд намудани шумораи онҳо ва кушодани долонҳои нави ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, алалхусус истифодаи фазои ҳавоӣ байни минтақаҳои Шинҷони Вилояти худмухтори Уйғур ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нуқтаи назари иқтисодӣ барои расидан ба кишварҳои Аврупо ва Шарқи наздик на танҳо барои ҳарду давлат, балки барои дигар кишварҳои минтақа низ фоидаовар маҳсуб меёбад.

      Дар робита ба кушодани хатти нави аэронавигатсионии ТОРАZ (ВМКБ, Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ШАЧЕ, ки ҳоло (АГВУТ) (ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур) ҷониби тоҷикистонӣ чанд маротиба барои гузаронидани мулоқот дархост намуда буд ва бо ҷониби Чин 21-22 августи соли 2012 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин  ҷаласа гузаронида шуд. Дар ҷаласаи мазкур ҷониби Чин пешниҳод намуд, ки фаъолият дар самти мазкур тавассути таҷҳизонидани воситаҳои зарурии навигатсионӣ дар ҷодаи парвоз ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳангоми иштирок дар Ҷаласаи Гурӯҳи ИКАО оид ба рушди хатҳои ҳавоии аэронавигатсионӣ дар минтақаи Аврупо (RDGE), ки моҳи сентябри соли 2012 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардида буд, масъалаи мазкурро ба рӯзномаи ҷаласа ворид намуданд, ки дар натиҷа ҷаласа қарор кард то ҷониби Чин аз тарафи намояндагони гурӯҳ  ҷиҳати тезонидани корҳо дар ин самт огоҳ карда шаванд.

 

То кадом андоза метавонад ифтитоҳи хати мазкур ҷалби ширкатҳои авиатсионии хориҷиро ба фазои Тоҷикистон бештар созад?

        Ифтитоҳи хати мазкур яке аз василаҳои воқеии ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, самти парвози киштиҳои ҳавопаймоиро аз худи Чин ба Туркия, Аморати Араб ва дигар кишварҳои ҷанубу шарқ таъмин менамояд, ки дар натиҷа вазъи молиявии корхона беҳтар шуда метавонад.

       Бо ин мақсад КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тайи қариб 13 сол саъю талош намудааст то корҳои марбут, аз ҷумла: муроҷиат ба ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, мувофиқаи лоиҳа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат ба Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ИКАО ва дигар сохторҳои соҳавиро амалӣ созад.

      Ҳамзамон, масъалаи мазкур дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар санаи 17 июни соли 2010 дида баромада шуда, дар қисми II-и “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти мухтори Синҷиан-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин” инъикосӣ худро ёфтааст.

     Инчунин, бояд қайд намоем, ки 29 ноябри соли 2018 ҳайтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Пекин вохурӣ анҷом дода оид ба лоиҳаи мазкур ҳусни тавоҳум намудаанд.

Оё метавонем ду маротиба вохӯриҳои маҷозӣ доир намудаи роҳбарияти имрӯзи корхонаро давоми солҳои 2021-2022 шурӯъ гардидани корҳои натиҷавӣ  гӯем?

     Бале, барои иҷрои пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус талоши пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳким бахшидан   ба рушди хатҳои ҳавоии аэронавигатсионӣ роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар давоми солҳои 2021-2022 бо намояндагон ва мутахассисони соҳаи Ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Мардумии Чин ду маротиба вохӯриҳои маҷозӣ доир намудааст. Худи ҳамин сол бо мақсади боз ҳам авҷ додани корҳои натиҷавӣ ва мувофиқасозӣ бо ҷониби Чин директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон моҳи апрел бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ҷи Шумин вохӯрӣ баргузор намуда иброз дошт, ки масъалаи мазкур хулосаҳои амали гардонии  созишнома аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро ин лоиҳа  борҳо ва мунтазам  мавриди  ҳаллу баррасии мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» қарор дода шудаасту дар он хатҳои ҳавоии байналмилалӣ бо назардошти бехатарии парвозҳо аз нав  таҳия гаштааст.

      Билохира, аз ҷониби мутахассисони чинӣ масъалаи лоиҳа мавриди санҷиш қарор гирифта, хоҳиш карда шуд то мактуби расмӣ бо роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Чин пешниҳод карда шавад. Хоҳиши мутахассисини чинӣ аз ҷониби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» саривақт ба инобат гирифта шуда, ба тамоми сохторҳои дахлдор мактуби ба расмиятдарории корҳои судманд ирсол карда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тезонидани корҳо дар ин самт ба ҷониби Ҳукумати Чин  низ ба таври расмӣ муроҷат карда шуд.

    Бояд зикр намоем, ки вохӯрии маҷозии 15-уми декабри соли 2022, ки бо мутахасисонӣ чинӣ ва намояндагони КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  баргузор шуд, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, то  лоиҳаи мазкур дар соли 2023 бо мувофиқаи тарафҳо бояд дар амал тадбиқ карда шавад.

    Наздик ба ин мавзӯъ дар мувофиқа бо Бюрои ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз 7 то 11 апрели соли 2022 мулоқоти навбатӣ, вобаста ба машварати муштараки ҳайати роҳбарикунандаи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва ҳайати кории марбути Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нишасти 3-уми лоиҳаи кушодани хати ҳавоии мустақим миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар пойтахти ин кишвар шаҳри Пекин доир гардид.          

   Бояд ёддовар шуд, ки асоси масоили гуфтушуниди сеюм, ин пеш аз ҳама лоиҳаи кушодани хати ҳавоии мустақим миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамзамон, барассии масъалаҳои техникӣ ва насби таҷҳизотҳои авиатсионӣ ва масоили ҳамоҳанг намудани ҳуҷҷатҳо бо ТБАГ (ИКАО) буд.

  Ҳамин тавр дар оғози ҷаласаи машваратӣ ҷонибҳо рунамоҳои омоданамудаи хешро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳолати кунунии лоиҳаи мазкурро матраҳ намуданд. Ба ин васила рунамои ҷониби Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври мукаммал намоиш дода шуда,  қайд гардид, ки дар давоми соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони ҳар ду кишвар оид ба лоиҳаи мазкур таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шудааст, ки дар онҳо бештари масъалаҳои техникӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Дар мулоқоти мазкур таъқид карда шуд, ки дар лоиҳаи роҳи нави ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин системаи навигатсионии хусусияти RNP-4 истифода мегардад, зеро дар робита бо ҳамоҳангӣ ва муқаррароти ТБАГ (ИКАО) то соли 2025 системаи навигатсионии навъи RNP-4 ба RNP-2 иваз карда хоҳад шуд.

 

Барои иҷрои муқаррароти ташкилоти ТБАГ (ИКАО) то соли 2025 ва ҳамчунин ҷонибдории пешниҳодоти мутахассисони Чин барои васли системаҳои навигатсионии муосир чӣ гуна корҳо амалӣ шуда истодааст?   

Намояндагии Тоҷикистон пешниҳоди ҷониби чиниро пазируфта, изҳор намуданд, ки Тоҷикистон низ метавонад бо мурури замон ба ин система мутобиқ карда шавад ва омодааст барои насбу харидории таҷҳизотҳои авиатсионии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар ин хати нав корҳои созандаро амалӣ намояд.

Маҳз барои кушодани хати нави ҳавоӣ миёни ин ду кишвар инчунин мувофиқасозии он ба ТБАГ (ИКАО), бо ташаббуси арзандаи директори генераии  КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода таҷҳизоти зиёди системаҳои замонавии соҳа харидорӣ ва насб карда шуданд. Бахусус  барои насби системаи муосири идоракунандаи ҳаракати ҳавоӣ ADS-B, ки яке аз бандҳои иҷрои лоиҳа буда парвози ҳавопайморо дар баландии 10 100 метр метавонад аз хати сарҳади давлатӣ 65 км дохили Ҷумҳурии Мардумии Чин  идора намояд, роҳандозӣ гардид.

 Дар робита ба таҳкими ин созишнома ва ҷараёни корҳои бунёдсозӣ, роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тасмим гирифт, ки то охири соли 2023 таҷҳизоти нави радиоминои масофасанҷ -DME/N, қабулкунакҳои сигналҳои- АDS-B ва радиостансияи алоқа бо сарнишинон  рамзи -5200 “Rohdes Shwarz” инчунин  якчанд системаҳои дигари ҳозиразамонро, ки хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро дар ин минтақаи мазкур, боз ҳам эътимодноктар месозад, насб намуда ба истифода диҳад.  

 Татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур  ширкатҳои ҳавопаймоиро даъват бар он менамояд, ки   аз ин масир истифода баранд, аммо дар марҳилаи аввал ҳамаи парвозҳо бояд аз фурудгоҳи Душанбе сурат гиранду киштиҳои ҳавоии парвозкунандаи ин самт метавонанд фазои Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба таври транзитӣ низ истифода баранд.

Ҳамзамон, дар ин давра таҳияи Созишномаи ҳамкорӣ миёни маркази ноҳиявии  Душанбе ва Урумчӣ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки ҷониби Чин онро пазируфта, барои баррасӣ ва омӯзиш ба мутахассисони худ пешниҳод намуд. Баъди баррасии Созишномаи мазкур аз ҷониби танзимгарони Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин тибқи Созишномаи мазкур ҷониби Чин воситаи асосии ҳамоҳангсозии парвозҳоро бо истифода аз низоми AFTN интихоб намуд, ки  мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия”  истифодаи онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки мазҳ бо талошҳои пайваста ва ташаббусу дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти тақвияти ҳамкории авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар рафти вохӯриҳои сатҳи баланд дар кишвари Чин оид ба кушодашавии долони нав ва беҳтарсозии соҳаи авиатсия борҳо пешниҳодоти офариниши таҷрибаҳои судманд таъкид карда шудаанд.

Билохира, санаи 5-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони авиатсияи ҷонибҳо даври 4-умин нишасти ҳамоҳангсозии Созишнома оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ миёни КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии  Маъмурияти авиатсия граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин  ташкил карда шуд, ки ҷонибҳо тасмим гирифтанд аввалин, парвозро дар самти долони нав рӯзи 28 декабр ба роҳ монанд, ки чунин иқдоми онҳо дастовари бузург ва саҳифаи нави таърихӣ дар соли 2023 маҳсуб меёбад.

Баргузории нишасти 5-ум дар вилояти Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ба роҳи транзитӣ табдил додани хати ҳавоии мустақим миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро чи гуна метавонед шарҳ диҳед? 

 Аз 29-уми октябр то 2-юми ноябри соли 2024 машварати муштараки ҳайати роҳбарикунандаи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва ҳайати кории марбути Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нишасти 5-ум ва ба роҳи транзитӣ табдил додани хати ҳавоии мустақим миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар вилояти Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон иштирок намуда, суханронӣ намудаанд. Дар оғози суханронӣ мавсуф пазироӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабиниро, ки намояндагони Чин   омода сохта буданд ёдовар шуд. Ӯ аз номи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи худ ба директори Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ва роҳбарону мутахассисони соҳаи авиатсия Чин изҳори сипос намуда талоши шарикони чиниро дар кушодашавии масири нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки хизматҳои шоён кардаанд, баланд арзёбӣ  кард.

   Ҳамзамон, доир ба корҳои анҷомдодашуда, вобаста ба масири мазкур директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”  Лоиқ Бегиҷонзода изҳор дошт, ки муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя на танҳо дар соҳаи авиатсия  балки дар дигар самтҳо низ самарабахш арзёбӣ мешаванд.  Аз ин лиҳоз, барои боз ҳам ба як долони транзитӣ табдил додани масири мазкур моро зарур аст, ҳамеша дар якҷоягӣ ҳамкориҳои беҳтари мутақобиланд судмандро беш аз ҳар вақта дида ба роҳ монем.

     Инчунин, таҳияи созишномаи ҳамкорӣ миёни маркази ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буд дар рафти вохӯрии мазкур ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо тавофуқномаи таъсис додани курсҳои такмили ихтисоси мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро дар муассисаҳои таълимии авиатсионии Чин низ мавриди муҳокима  ва баррасӣ қарор доданд, ки ҷониби Чин пешниҳоди марбутаро дар муддати кӯтоҳ бо мактуби расмӣ ва  ҳайати иштироккунандагони курсҳои омӯзишӣ талаб намуд.

   Вобаста ба иҷрои таклифи пешниҳодшуда ҷониби Чин ризогияти хароҷоти дохилиро барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ба ӯҳда гирифтанд, ки чунин амали нек аз ҷониби  роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” хело хуб пазируфта шуд.

      Бояд зикр намуд, ки баъди  ба истифода дода шудани ин масир дар ин самт пайваста корҳои зиёд анҷом дода шудаистодааст, ки  метавонад ин тадбирҳо масири мазкурро ба як роҳи байналмиллалӣ табдил диҳанд.

      Роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои ҳамкорӣ ва тақвият бахшидан ба кушодашавии долони наву беҳтарсозии соҳаи авиатсия ба зиёда аз 25 ширкатҳои байналмилалӣ  имрӯзҳо мактуби расмӣ ирсол кардааст, ки пайгирӣ ва талоши чунин кушишҳои натиҷабахш барои ба яке аз роҳҳои транзитии байналмилалӣ табдил додани фазои босуботи кишвар мебошад.

Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

 

                Боязитов Ф А 

                Сармутахассиси Маркази матбуот   2024 с