ХУШХАБАР! ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ МО
Ҳамасола тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмунҳои гуногун дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4-уми ноябри соли 2024 озмуни “Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ” оғоз ва 11-уми декабри соли 2024 ҷамъбаст гардид.
Тибқи натиҷаи озмуни мазкур Ҳусниддин Холов сардори Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар номинатсияи беҳтарин маводи матбуотӣ ҷойи якумро ишғол намуд. Мақолаи Ҳусниддин Холов доир ба саҳми Рустами Эмомалӣ дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, вусъат бахшидан ба корҳои сохтмону ободонии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бахшида шуда буд. Таъкид ба ёдоварист, ки солҳои охир бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба маркази чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ табдил ёфт. Ҳамзамон ба яке аз шаҳри амтарини дунё барои сайёҳон эътироф гардидани шаҳри Душанбе, далели гуфтаҳои болост.
Бояд қайд намуд, ки ҳадафи озмуни мазкур ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои шаҳри Душанбе, ҳамкории густурда ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи васоити ахбори омма равона гардида буд.
Озмуни мазкур тавассути шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гардида, намояндагони васоити ахбори омма, бахусус кормандони соҳаи телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо маводҳои омоданамудаи худро пешкаши Ҳайати Комиссияи озмун намуданд.
Дар фарҷом беҳтаринҳо бо диплом ва мукофотҳои пули сарфароз гардиданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”