ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Аз 22-юми январи соли 2024 ширкати “Россия” шумораи парвозҳоро аз фурудгоҳи Красноярск ба Саня афзоиш медиҳад.
***
Ширкати “Boeing” барои афзоиши истеҳсоли ҳавопаймои 787 Dreamliner як миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ менамояд.
***
Дар натиҷаи корпартоии кормандони фурудгоҳи Финландия ширкати “Finnair” тақрибан 150 парвозро лағв намуд.
***
Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия аз 1-уми марти соли 2025 ҷорӣ намудани тартиботи навро оид ба додани иҷозатнома барои ҳамлу нақли байналмилалӣ пешбинӣ менамояд. Тибқи тартиботи нав дархостҳо барои иҷозати ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути портали ягонаи хадамоти давлатӣ ва мунисипалӣ ба таври электронӣ қабул карда мешаванд.
***
Аз 14-уми декабри соли 2024 ширкати “S7 Airlines” парвозро аз Иркутск ба Шанхай оғоз намуд, ки дар як ҳафта ду маротиба амалӣ мегардад. Ҳамзамон ширкати мазкур аз 15-уми декабри соли ҷорӣ аввалин парвозро аз Иркутск ба Гуанчжоу амалӣ намуд, ки ҳафате ду маротиба роҳандозӣ мегардад.
***
Аз 12-уми декабри соли ҷорӣ дар натиҷаи афзоиши талабот, ширкати “AZUR air” парвозро аз Қазон ба Гоа барқарор намуд, ки барномаи мазкур то охири моҳи марти соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
***
Пас аз анҷоми расмиёти ҳатмии корпоративӣ ширкати “Аэрофлот” узви Иттиҳодия дар соҳаи зеҳни сунъӣ мегардад, ки имрӯз 12 ширкат аъзои ин иттиҳод мебошад.
***
Фурудгоҳҳои шаҳрҳои Димишқ ва Ҳалаби Сурия, ки фаъолияти худро аз 8-уми декабри соли ҷорӣ қатъ намуда буданд, 13-уми декабри соли ҷорӣ фаъолиятро барқарор намуданд.
***
Тибқи иттилои Вазорати тиҷорати ИМА, рад намудани имтиёзҳои содиротии ширкатҳои “Nordwind Airlines” ва “S7 Airlines” ба муддати як сол тамдид гардид.
***
Дар натиҷаи номусоидии обу ҳаво ширкати “Air Astana” як зумра парвозҳоро аз Алмаато ба таъхир гузошт.
***
Дар натиҷаи музокироти Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Султони Уммон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки хатсайри мустақимро байни ду кишвар роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон сайёҳони Беларус метавонанд дар Уммон 14 рӯз бидуни раводид буду бошт намоянд.
***
Ширкати “Turkish Airlines” дар соли 2026 ба терминали нави JFK 1 парвозро роҳандозӣ намуда, ифтитоҳи толори интизории калонро пешбинӣ менамояд.
***
Ширкати “Qatar Airways” масъалаи лағви фармоиши 25 адад ҳавопаймои Boeing 737 MAX 10-ро пешбинӣ менамояд.
***
Ширкати “Pakistan International Airlines” барқарор намудани парвозҳоро ба Британияи Кабир ва ИМА дар соли 2025 пешбинӣ менамояд.
***
Дар натиҷаи ошкор гардидани мушкилӣ вобаста ба бехатарии парвозҳо Комиссияи Аврупо ширкати “Air Tanzania”-ро расман ба рӯйхати сиёҳ ворид намуд.
***
11-уми декабри соли ҷорӣ ширкати “China Southern Airlines” аввалин парвози тиҷоратии ҳавопаймои C919-ро аз Гуанчжоу ба Хайкоу амалӣ намуд.
***
6-уми декабри соли 2024 ширкати “China Southern Airlines” дар намояндагии худ дар шаҳри Бишкек семинари “Парвози бароҳат”-ро баргузор намуда, ба ширкаткунандагон фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чинро муаррифи намуд.
***
Ширкати ҳавопаймоии Украина “SkyUp Airlines” барномаи парвози худро барои соли 2025 нашр намуд, ки як қатор парвозҳои мустақимро аз Кишинёв ба самтҳои машҳури Аврупо пешниҳод менамояд.
***
Ширкатҳои “Etihad Airways” ва “Air Seychelles” Созишномаи нави мубодилаи рамзҳоро имзо намуданд, ки имконоти сафар байни Ховари Миёна ва минтақаи уқёнуси Ҳиндро васеъ менамояд.
***
(Манбаъ: China Southern Airlines, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/)