Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

КАДОМ КИШВАРҲОИ ОЛАМ ФУРУДГОҲҲОИ ТИҶОРАТӢ НАДОРАНД ВА ЧАРО?

КАДОМ КИШВАРҲОИ ОЛАМ ФУРУДГОҲҲОИ ТИҶОРАТӢ НАДОРАНД ВА ЧАРО?
197

Чоп кардан

Дар ҷаҳон якчанд кишварҳое ҳастанд, ки умуман фурудгоҳ надоранд, аз ҷумла Ватикан, Монако, Сан-Марино, Лихтенштейн ва Андорра. Кишварҳои мазкур хеле хурд, вале шумораи аҳолиашон бениҳоят зиёд мебошад. Тибқи мавқеъи ҷуғрофӣ сохтмони фурудгоҳ дар ин кишварҳо ғайриимкон аст. Дар ин рӯйхат ҷои аввалро Ватикан, ки дар шаҳри Руми Италия ва ҷои дуюмро Монако, ки дар ҷанубии Фаронса дар наздикии Италия ҷойгир мебошад, ишғол менамоянд. Кишварҳои мазкур хеле хурд ва шумораи аҳолии зиёд доранд. Барои сохтмони фурудгоҳ дар ҳудуди ин кишварҳо вайрон намудани биноҳои зиёд зарур мебошад.

Аҳолии шаҳри Ватикан тақрибан 800 нафар буда, масоҳати он ҳамагӣ 0,19 километри мураббаъ ё тақрибан 120 акрро ташкил дода, мусофирон ва сайёҳон аз наздиктарин фурудгоҳ, фурудгоҳҳои Рум Сиампино ва Фиумисино истифода мебаранд.

Шаҳри Монако дуюмин хурдтарин кишвари ҷаҳон буда, як қисми шаҳри мазкур дар Фаронса ҷойгир мебошад. Масоҳати он 0,8 мил мураббаъ буда, дорои 38 000 нафар аҳолӣ мебошад. Парвоз ба Монако тавассути фурудгоҳи Кот-д Азури Фаронса (Côte d'Azur Airport) амалӣ мегардад.

Се кишвари дигари Аврупо фурудгоҳ надоранд – Лихтенштейн, Сан-Марино ва Андорра. Кишварҳои мазкур бо ҳам шабеҳ буда, онҳо хурд ва кӯҳӣ (ё теппаҳо) мебошанд. Миёни онҳо танҳо Лихтенштейн дорои замини ҳамвор мебошад. Кишвари Сан-Марино як давлати дар баландӣ (теппа) ҷойгир аст. Дарвозаи он шаҳри Риминии Италия ба ҳисоб рафта, мусофирон ва сайёҳон тавассути Фурудгоҳҳои байналмилалии Риминӣ ва Федерико Феллини, ворид мегарданд. Аз роҳи оҳани шаҳри Риминӣ то Сан-Марино хизматрасонии мунтазами автобусҳо мавҷуданд.

Лихтенштейн боз як кишвари ҷолибест, ки дар байни Австрия ва Швейтсария дар кӯҳҳои Алпи Аврупо ҷойгир аст. Лихтенштейн бо Швейтсария робитаи зич дорад. Ҷолиб он аст, ки Лихтенштейн ягона кишвари узви комилҳуқуқи СММ аст, ки Конвенсияи Чикагоро (марбут ба авиатсия) ба имзо нарасонида, Швейтсария конвенсияро аз номи Лихтенштейн имзо намуд. Фурудгоҳҳои наздикии Лихтенштейн фурудгоҳи хурди Швейтсария Сент-Галлен-Алтенрейн ва фурудгоҳи хурди Фридрихшафени Олмон, ҳамзамон фурудгоҳи калонтарин фурудгоҳи Тсюрих мебошад.

Андорра яке аз калонтарин давлат миёни давлатҳои хурди Аврупо мебошад, ки фурудгоҳ надорад. Андорра давлатӣ кӯҳи буда, дар маркази Пиреней байни Фаронса ва Испания ҷойгир аст. Аз ин лиҳоз сохтмони фурудгоҳ дар ин минтақа ғайриимкон мебошад.

Илова бар он дар Андорра як фурудгоҳ мавҷуд аст, ки фурудгоҳи Андорра-Ла Сеу д Ургелл номида мешавад. Фурудгоҳ дар қисмати дигари сарҳади Испания ҷойгир буда, дороии ширкати ҳавопаймоии “Andorra Airlines” ба ҳисоб меравад. Фурудгоҳҳои асосие, ки сайёҳон ва мусофирон барои парвоз ба Андорра истифода мебаранд, дар Барселона (Испания), Тулуза (Фаронса) ва Жирона (Испания) ҷойгир мебошанд.

Новобаста аз набудани фурудгоҳҳо мусофирон ва сайёҳон аз дигар воситаҳои нақлиёт истифода бурда, аз маконҳои таърихиву сайёҳии кишварҳои мазкур дидан менамоянд.