ИШТИРОК ДАР МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ
24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Федератсияи Русия барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд.
Сарони ҳарду давлат ҳамдигарро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд.
Зимни баррасии масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла зикр гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Русия ҳамоно шарики асосии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Гардиши мол миёни ду кишвар 19,8% афзун гардида, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Тавре зикр гардид, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг низ бемайлон густариш меёбад.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, ки раёсат дар он аз соли нав ба Тоҷикистон мегузарад, сурат гирифт.
25 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин барои даъват ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, иштирокдорони вохӯриро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику шодбош гуфтанд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз соли нав раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон мегузарад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки раёсати Тоҷикистон дар доираи консепсия ва нақшаи чорабиниҳои пешниҳоднамудаи кишвари мо бо мусоидати дигар давлатҳои иштирокдори ИДМ босамар ҷараён хоҳад гирифт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи доираи васеи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.