ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
28-уми декабри соли 2024 ҳайати кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд. Инчунин кормандони корхона дар филиалҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ аз раванди ироаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавассути пахши мустақим дидан намуда, аз муҳтавои он воқиф гаштанд.
Зимни суханронии пурмуҳтавои худ Сарвари давлат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ намуд, ки соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Ҳамзамон дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Қайд шуд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин, аз ҷумла такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар ҳамин замина, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардид.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозор, муҳайё намудани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ барои сокинони кишвар сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Дар ин замина лозим ба ёдоварист, ки кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, аз баромади ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, ки барои мардуми кишвар роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ маҳсуб меёбад, дар соли 2025 босамар истифода менамоянд. Ҳамчунин дар қатори дигар самтҳо дар самти авиатсияи гражданӣ, ки ҳамчун самти боэътимоди кишвар ба ҳисоб меравад, фаъолияти густурда бо меҳнати самарабахш ба ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Сардори давлат ҷавоб хоҳанд дод.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”