ЧАРО ТАЪМИ ХӮРОК ДАР ҲАВОПАЙМО ДИГАР МЕШАВАД?
Оё Шумо боре ҳангоми парвоз тавассути ҳавопаймо мушоҳида намудаед, ки мурғ, биринҷ ва ҳатто кулчақанд (булочка) бо равған таъми аҷибе доранду, гӯшт бошад сахт ва бемаза менамояд? Ва ё шарбати себро нӯшидаед, ки турш мебошад? Мусофирони ба ҳайрат афтода пайваста чунин суоли мантиқӣ медиҳанд: “Чаро ғизои ҳавопаймо аз маъмулӣ бадтар аст”? “Оё воқеан ба ошпазҳои бетаҷриба иҷозати пухтупазро медиҳанд ё ширкати ҳавопаймоӣ барои муштариёнаш ошпазҳои бетаҷриба киро менамоянд?”.
Бояд хотирнишон намоем, барои ҷавоб ба ин суолҳо якчанд сабабҳои воқеӣ вуҷуд доранд, ки чаро ғизои ҳавопаймо аз ғизои “заминӣ” хеле тафовут дорад. Тибқи хулосаи тадқиқоти тасдиқшудаи мутахассисон ҳолати мазкур ба нотавонии ошпаз дар омода намудани таоми болаззат ва сабабҳои иқтисодии ширкати ҳавопаймоӣ комилан иртибот надоранд!
Тадқиқоти олимон нишон медиҳад, ки ҳисси бӯй ва таъм ҳангоми дар баландии беш аз 10 ҳазор метр қарор доштан, тағйир меёбад. Дарки сифатҳои асосии таъми ғизо – шӯрӣ ва ширинӣ тақрибан 30% коҳиш ёфта, мусофирон эҳсос мекунанд, ки ғизои пешниҳодшуда бемаза аст.
Чунин дарки аҷиби таъми ғизо шаҳодат аз он аст, ки бадан ба намии пасти ҳаво ва фишори пасти атмосферӣ дучор мешавад. Дар кабинаи ҳавопаймо намӣ амалан нест (баъзан камтар аз 12%) ва шахс худро дар биёбон эҳсос менамояд. Дар чунин муҳит таъми маза ва ҳисси бӯй каме дигар шуда, бо бештар баланд шудани ҳавопаймо дар фазо, тамъи хӯрок ва нӯшокӣ белаззат менамояд.
Ҳамзамон натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки садои ҳавопаймо низ ба тамъ таъсири худро расонида, ҳисси шӯрӣ ва шириниро хеле паст менамояд.
Пас аз фуруд дар замин, истеъмоли хӯрокҳои дар ҳавопаймо пешниҳод гардида нишон медиҳад, ки таъми онҳо комилан муқаррарӣ менамоянд.