ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР СОЛИ 2024
Ширкати директори генералӣ дар чорабинии сатҳи баланди авиатсионӣ – “Airspace World 2024” дар Женева ва мулоқот бо директори генералии CANSO, ифтитоҳи долони нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ба узвияти CANSO пазируфта шудани КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, аъзои SOCEA гардидани корхона, ба имзо расидани Ёддошти ҳамкорӣ миёни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия”, ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷони Маъмурияти авиатсияи граждании Чин ба ҳамин мазмун дастовардҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2024 арзёбӣ гардид.
Ҷамъбастӣ фаъолияти хоҷагию истеҳсолии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2024 бо иштироки Амирзода Маҳмуд Ҳамид – сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Набизода Азиз Абдусамад – муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фируз Назришоев – сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва сертификаткунонии мутахассисони авиатсионии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва ҳайати кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардид.
Дар баромади ҳисоботии худ муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Раҳимҷон Саидзода иттилоъ дод, ки дар соли 2024 КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо тамоми филиалҳои корхона ба 71 459 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат расонида, дар ин фосила теъдоди парвозҳои транзитӣ 48 562 ададро ташкил дод.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ 4 адад самтнамои замонавии “DF-2000” дар фурудгоҳи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба истифода супорида шуд. Инчунин бо ҷалби тайёраи тахассусӣ (лаборатория) санҷиши солонаи ҳавоии таҷҳизотҳои радионавигатсионии корхона ба роҳ монда шуд. Таҷдиди Низоми маркази коммутатсионии алоқа МКА “Монитор” амалӣ гардида, аз 30 канал ба 50 канал расонида шуд. Илова бар ин, дар ҳамкори бо ширкатҳои “ЭРА”, ҶСП “ПЕЛЕНГ”, “Алмаз”, “Компас” ва дигарон як зумра таҷҳизотҳои радиотехникӣ ва метеорологӣ дар корхона ва филилаҳои он дасрас, насб ва таҷдид гардиданд.
“Ҳамзамон бо мақсади ба талаботҳои ICAO мутобиқ намудани фаъолияти корхона намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар чорабиниҳои сатҳи баланди соҳа дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат варзидаанд, ки ин боиси ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва мубодилаи таҷриба гардид. Дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба такмили ихтисоси мутахассисони соҳа диққати ҷиддӣ равона гардида, такмили ихтисоси онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Ҷопон ва Федератсияи Россия амалӣ гардид. Илова ба он, 100-солагии Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд”, – зикр намуд Раҳимҷон Саидзода.
“Дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” доир ба баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисон диққати ҷиддӣ дода шуда, мунтазам ба баланд гардидани тахассуси онҳо чораҳои саривақтӣ андешида мешавад”, - изҳор намуда Набизода Азиз дар баромади худ.
“Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” на танҳо самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллиамонро муайян мекунад, балки зарурати тағйиротҳои бунёдиро дар низоми иқтисодӣ ва идораи он таъкид менамояд. Аз ин лиҳоз дар навбати худ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар раванди рақамикунонӣ дар кишвар саҳми худро гузорад”, - изҳор дошт Амирзода Маҳмуд.
Дар ин раванд ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар моҳи августи соли 2023 пурра ба пардохти ғайринақдӣ гузашт.
Дар интиҳои чорабинӣ аз кормандон даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти худро бо тахассуси баланди касбӣ идома дода, дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаро сармашқи кори худ қарор диҳанд.
Тибқи натиҷагирии ҷаласаи ҷамъбастӣ фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2024 қаноатбахш ҳисобида шуд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”