Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
197

Чоп кардан

8-уми январи соли 2025 ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти 12 моҳи соли 2024 дар толори бинои Агентӣ баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа аз ҷониби Директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд оид ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳои кишвар, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз Паёми навбатӣ, рушди соҳаи авиатсия, пешниҳоди дуруст ва саривақтии ҳисобот аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ, корбарии саривақтӣ бо маводҳои назоратӣ, бо корҳои ободкорию созандагӣ, саҳм гузоштан дар ободии Ватан дастурҳо дода шуданд. Дар охир Назарзода Ҳабибулло қайд намуд, ки дар соли 2025 ҷиҳати зиёд намудани хатсайрҳои маҳаллӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр”, зиёд намудани шумораи парвозҳо бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ба ин васила боз ҳам рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ нақшаҳо зиёданд.

***

Пас аз тақрибан даҳ соли интизорӣ, тӯлонитарин парвоз аз ҷониби ширкати “Qantas” дар ҷаҳон дар соли 2026 пешбинӣ гардида, масири мазкур таҳти унвони “Project Sunrise” Сиднейро бо Лондон ва Ню Йорк мепайвандад. Дарозтарин парвоз дар ҷаҳон аз 19 то 22 соат идома намуда, вақти парвозро нисбат ба хатсайрҳои мавҷуда то чор соат коҳиш медиҳад.

***

Дар 2 фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин Шоуду ва Дасин нуқтаҳои хизматрасонӣ барои сайёҳони хориҷӣ фаъолияти худро оғоз намуданд, ки онҳо зиёда аз 20 намуди хизматрасониҳои гуногунро дар соҳаҳои молия, алоқа, нақлиёт, фарҳанг ва сайёҳӣ пешниҳод менамоянд.

***

Пас аз 4 сол ширкати “Pakistan International Airlines” парвозҳоро ба Аврупо барқарор намуд, ки аввалин парвоз ба шаҳри Париж роҳандозӣ гардид. Тибқи иттилоъ парвоз дар ин масир ҳафтае ду маротиба иҷро мешавад. 

***

Дар натиҷаи афзоиши парвозҳои беиҷозати ҳавопаймоҳои бесарнишин аз болои иншооти муҳим, аз ҷумла иншооти энергетикӣ, саноатӣ, нақлиёт ва телекоммуникатсия Ҳукумати Олмон мехоҳад ба қонуни бехатарии нақлиёти ҳавоӣ тағйирот ворид намуда, ба Бундесвер (Қувваҳои Мусаллаҳи Олмон) имкон диҳад, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро сарнагун намояд.

***

Ифтитоҳи парвоз миёни Чита ва Улан-Батори Муғулистон дар соли 2025 пешбинӣ мегардад, ки аз ҷониби ширкати “ИрАэро” амалӣ мегардад.

***

Марҳилаи аввали таҷдид дар Терминали 1-и Фурудгоҳи Байналмилалии Шоҳ Холид дар Риёз анҷом ёфт, ки иқтидори хизматрасонии фурудгоҳро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

***

Бар асари боридани барф дар фурудгоҳи Пулково тақрибан 90 парвоз ба таъхир афтод.

***

11-уми январи соли 2025 мақомоти Кореяи Ҷанубӣ эълон намуд, ки қуттиҳои сиёҳи ҳавопаймои ширкати “Jeju Air” тақрибан чаҳор дақиқа пеш аз суқут сабти садоро қатъ кардаанд, ки ҳодисаи ҳайратангез таҳқиқи суқути ҳавопайморо мушкил менамояд.  

***

Маъмурияти федеролии авиатсионии ИМА (FAA) дастури нав оид ба қобилияти парвоз (AD)-ро нашр намуд, ки аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ санҷиши чархҳои қисми қафои ҳавопаймои Boeing 767-ро талаб менамояд. Татбиқи талаботи нав аз 12-уми феврали соли 2025 оғоз мегардад.

***

10-уми январи соли 2025 дар натиҷаи ҳавои шадид фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла “American Airlines”, “Delta Air Lines” ва “Southwest Airlines”-ро халадор намуда, боиси лағви садҳо парвозҳо гардид.

***

8-уми январи соли ҷорӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи ширкати “China Southern Digital Intelligence Technology (Guangdong) Co., Ltd”, ки аз ҷониби ширкати “China Southern Airlines” таъсис дода шудааст, баргузор гардид.

***

Ширкати “China Southern Airlines” барои масъулияти баланди иҷтимоӣ бо ҷоизаи “2024 Shanghai Securities News Gold Quality Award - ESG Award” сарфароз гардид. Ҳамзамон ширкати мазкур барои ширкати фаъол дар парвози сабз, рушди устувор ва эҳёи деҳот бори севумин аз ҷониби маҷаллаи “CAAC Inflight Magazine” ширкати ҳавопаймоии сабзи сол “Environmentally Friendly Airline of the Year” эътироф гардид.

***

Бо мақсади рушди равобити дуҷониба Кения ва Ангола барқарор намудани парвозҳои мустақими ширкати “Kenya Airways” миёни Найробӣ ва Луандаро пешбинӣ менамоянд.

***

Ҳукумати Ҳиндустон пешбинӣ менамояд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ вазифадор гарданд, ки маълумоти метеорологӣ ҳангоми парвозҳо ҷамъоварӣ гардида, ба Департаменти метеорологии Ҳиндустон (IMD) пешниҳод гардад.  

***

(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines)