ХУШХАБАР! КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕҲТАРИН АНДОЗСУПОРАНДАИ СОЛИ 2024
Дар асоси хулосаи Комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар қатори дигар субъектҳои хоҷагидор ҳамчун яке аз “Андозсупорандаи беҳтарини соли 2024” интихоб гардид.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо мақсади қадршиносии андозсупорандагони фаъолу пешсаф ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо озмуни “Беҳтарин андозсупорандаи сол”-ро ташкил менамояд. Маросими ҷойзасупорӣ 11-уми январи соли 2025 дар толори маҷлисии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки дар радифи дигар андозсупорандагон КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таҳти роҳбарии директори генералӣ Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон дар пардохти саривақтии боҷи давлатӣ фаъол мебошад. Натиҷаи ин кӯшишҳо мебошад, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарин дар солҳои 2018, 2019 ва 2022 низ гардида буд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”