Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САРНИШИНОН ЧӢ ГУНА SOS МЕГУЯНД

САРНИШИНОН ЧӢ ГУНА SOS МЕГУЯНД
92

Чоп кардан

Дар ҳолатҳои фавқуллода сарнишинони ҳавопаймо ибораи байналмилалии “SOS”-ро истифода намебаранд. Дар чунин ҳолатҳо ибораи “Mayday” се маротиба истифода мегардад. “Mayday” аз забони англисӣ ҳамчун “рӯзи май” тарҷума мешавад, аммо ҳамчун сигнали байналмилалии ҳолатҳои фавқуллода қабул гардидааст. Ин сигнали алоқаи овозии радиои буда, дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки ба ҳаёти инсон хатари фаврӣ доранд, ё киштиҳои ҳавои дар ҳолати фалокат қарор доранд.

Фредерик Стэнли Мокфорд, оператори калони радиоӣ дар Лондон, ки  масъули дарёфти сигнали хуби ҳолати фавқуллода буд, ибораи “mayday”-ро ихтиро намуд, ки аз ибораи фаронсавии “m'aider” (ба ман кумак кунед) ё синоними он “venez m'aider” -  “биёед ба ман кумак кунед” бар меояд. Дар соли 1927 ба таври расмӣ ИМА ибораи “Mayday”-ро ҳамчун сигнали расмии радиотелеграфии ҳолатҳои фавқуллода қабул кард. 

Аз сабаби халалдор шудани радиоӣ ва садои баланди атроф аз сарнишинон талаб карда мешавад, ки калимаи “Mayday”-ро се маротиба такрор намоянд. Дар чунин ҳолатҳо пас аз се бор такрор гардинани калимаи “Mayday” сарнишинон бояд ҳолати рухдодаро низ мушаххас намоянд. 

Бо назардошти аҳамияти он, аксарияти одамон сигнали фавқуллодаро танҳо дар ҳолатҳои зарурии шадид истифода мебаранд. Илова бар ин, операторҳо инчунин метавонанд ибораи “pan-pan”-ро истифода баранд. Ибораи “Pan-pan” аз калими фаронсавӣ гирифта шуда, (вайроншавӣ/вайрон гардидан) оиди ба амал омадани ҳолати фавқулодда дар киштӣ ва ҳавопаймо ишора менамояд, ки мусофирони он ба таҳдиди мушаххас дучор шудаанд, вале ба ҳаёти онҳо ва худи нақлиёт ягон таҳдид нест ва ёрии таъҷилӣ талаб карда намешавад.