ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Дар фурудгоҳи Алмаато бар асари боридани барф беш аз 30 адад парвоз ба таъхир афтод.
***
Ширкати “Airbus” артиши Фаронсаро бо 2 адад чархболҳои H225M таъмин намуд.
***
Пас аз нӯҳ моҳ дастрас намудани шаҳодатномаи истеҳсолӣ аз Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин (CAAC) ширкати “EHang” парвозҳои назоратии ҳавопаймои “ EH215-S eVTOL”-ро дар ҳамкорӣ бо ширкати “Hynfar Aviation” дар шаҳри Шанхай роҳандозӣ намуд. Парвозҳои намоишӣ, ки 16-уми январи соли 2025 оғоз гардид, дар минтақаҳои Ҳефей, Гуанчжоу, Шенҷен, Тайюан, Чжухай ва Венченг низ гузаронида мешаванд.
***
Ширкати Ҳиндустон “JetSetGo” бо мақсади дастрас намудани якчанд адад ҳавопаймои бесарнишин бо ширкати “Eve Air Mobility” ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон “JetSetGo” барномаи “Vector”-ро барои идоракунии ҳаракати ҳавоии шаҳр ҷорӣ ва Созишномаи хариду фурушро барои ҳавопаймои гибридӣ-барқӣ бо ширкати “Electra Aero” имзо намуд.
***
Ширкати бузурги энергетикии Ҷопон “Idemitsu Kosan” бо ширкати кишоварзии “Terviva” дар Калифорния Созишномаи шарикиро имзо намуд, ки истифодаи понгамияро ҳамчун ашёи растании равғанӣ барои тавлиди сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF) таҳқиқ менамояд. Понгамия, дарахти лӯбиёгӣ буда, дар Осиёи Шарқӣ ва тропикӣ, Австралия ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором мерӯяд.
***
Ширкати “Wizz Air” озмоиши истифодаи сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF)-ро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои “Airbus”, “Moeve” ва “Charleroi Airport” бомуваффақият анҷом дод. Дар ҷараёни озмоиш ширкати “Wizz Air” зиёда аз 50 парвозро бо истифода аз SAF ва сӯзишвории муқаррарии авиатсионӣ анҷом дод ва барои муайян намудани муносибати мусофирон ба коҳиши карбон назарсанҷӣ низ анҷом дод. Натиҷаҳои назарсанҷӣ нишон доданд, ки беш аз 70% мусофирон ба таъсири мусбати SAF боварӣ доранд.
***
Ширкати “Pratt&Whitney” дар Нидерландия як маркази нави тадқиқотӣ ва инноватсионии аврупоиро ифтитоҳ менамояд.
***
Дар натиҷаи таъхир дар таҳвили ҳавопаймои Boeing ширкати “Greater Bay Airlines”-и Ҳонконг тақрибан 200 адад парвози ба нақша гирифташударо лағв менамояд.
**
Ҳавопаймои боркашонии Ан-26-и ширкати “Air Kasai Antonov” санаи 21-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми фуруд дар Фурудгоҳи Конголо дар Ҷумҳурии Демократии Конго суқут намуд. Тибқи иттилои мақомот ҳангоми садамаи фуруд касе осеб надидааст. Ҳангоми садама дар дохили ҳавопаймо панҷ узви экипаж буданд.
***
Аз моҳи марти соли 2025 ширкати “VietJet Air” парвозҳои мустақимро миёни Ҳошимин, Ветнам ва Бангалор, Ҳайдарободи Ҳиндустон оғоз менамояд.
***
Ҷумҳурии Қазоқистон сохтмони 3 адад фурудгоҳи навро дар соли 2025 оғоз намуд.
***
3-юми июни соли ҷорӣ ширкати “Utair” парвозро аз Ханти-Мансийск ба Сочи оғоз менамояд, ки дар як ҳафта ду маротиба амалӣ мегардад.
***
30-юми марти соли ҷорӣ ширкати “Air China” парвозро дар масири Пекин – Владивосток – Пекин ифтитоҳ менамояд, ки ҳафтае 3 маротиба ба нақша гирифта шудааст.
***
Дар фурудгоҳи Братск сохтмони нуқтаи ҷамъоварии моеъи зидди яхбандӣ анҷом ёфт, ки бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ насб гардидааст.
***
Хадамоти федералии зиддимонополии Федератсияи Россия сиёсати тиҷоратии ширкатҳои “Аэрофлот” ва “S7 Airlines”-ро мувофиқа намуд, ки шаффофияти нархгузориро таъмин намуда, дастрасии парвози ҳавопаймоҳоро барои шаҳрвандон афзоиш медиҳад.
***
Ҳукумати Литва пешниҳоди Вазорати иқтисод ва инноватсияро оид ба сабуктар намудани маҳдудиятҳо дар содироти ҳавоии дуҷониба ба кишварҳои сеюм, ки ҳукумати қаблӣ ҷорӣ карда буд, дастгирӣ намуд. Тибқи фармони нав, ин гуна содирот тавассути замин мамнӯъ гардида, ҳамлу нақли ҳавоӣ тибқи муқаррароти аврупоӣ иҷозат дода мешавад. Хавфҳои эҳтимолии таҳримӣ метавонанд тавассути расмиёти иҷозатномадиҳии содирот танзим карда шаванд. Дар моҳи декабр, ҳукумати собиқи Литва содироти ҳазорон маҳсулоти дуҷонибаро тавассути ҳаво ба кишварҳои сеюм (берун аз Иттиҳоди Аврупо ва Ассотсиатсияи тиҷорати озоди Аврупо), ба истиснои ИМА, Ҷопон, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Канада ва Зеландияи Нав манъ намуд.
***
Дар аэродроми Оренбург системам нави рушноидиҳӣ ба истифода дода шуд.
***
Тибқи изҳороти Президенти Ҷумҳурии Сербистон Александр Вучич Сербистон харидории ҳадди ақал се адад таксии парвозкунандаи eVTOL-и ширкати амрикоии “Archer”-ро пешбинӣ менамояд, ки барои татбиқи ин ҳадаф аллакай Ёддошти ҳамкорӣ имзо шудааст.
***
Ширкати “FlyArystan Airlines” ҳавопаймои нави Airbus A320-ро аз Фаронса ба парки худ интиқол намуд, ки шумораи ҳавопаймо ба 24 адад расонида шуд.
***
Ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Эрон дар вилояти Ҳамадон суқут намуд. Хушбахтона дар натиҷа ҳарду сарнишинон осеб надиданд.
***
Бо мақсади истифодаи васеъ ҳавопаймои бесарнишин Украина, барои истифодаи дрон “Посейдон” аз Вазорати мудофиаи ин кишвар иҷозат гирифт.
***
Ширкати “Japan Airlines” барқарор намудани парвозро дар масири Токио-Чикаго 31-уми майи соли 2025 пешбинӣ менамояд.
***
28-уми январи соли ҷорӣ ҳаракати ҳавоӣ миёни Самара ва Красноярск барқарор мешавад.
***
24-уми январи соли ҷорӣ ширкати “ЮВТ Аэро” парвози мустақимро аз Челябинск ба Нижний Новгород оғоз менамояд.
***
(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/)