Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Иди Наврӯз муборак!

Иди Наврӯз муборак!
626

Чоп кардан

Ҳамкорони азизу гиромӣ, ҳамватанони иззатманд!
Иҷозат фармоед бо самимияту ихлосмандии том ва сипоси бепоён Шумо ва аҳли байтатонро бо фарорасии зеботарину қадимтарин иди миллати шарафмандамон, ки ба шарофати иқдомҳои наҷибу беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таҷаллии тозаву гуворо гирифт - Наврӯзи ҷаҳонафрӯз  шодбош намоям!
Наврӯзи кунунӣ ба шарофати ҳидояту раҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои муаззам миллати шарафманду меҳнатқарини Тоҷикистони азизро, ки дар фазои озоду сулҳпарвари Истиқлол қарор дорад, водор сохт бо иродат, нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ камари ҳиммат баста, тамоми нерӯву матонати худро баҳри татбиқи барномаҳои дар “Паём” ироакардаи Президенти кишвар ва пешрафти меҳани маҳбубамон сафарбар намуда, ба ин минвол қуллаҳои наву назарраси истиқлолу иқтидори кишварро пойдортару волотар созад. Дар ин барномаҳои армонии кишвар, ки ҳиммату ҷасоратро тақозо доранд  ва дар саргаҳашон Пешвои муаззам истодаанд, ҷилои тозаи  соҳибхирадиву зебошиносӣ, бозтоби ҷадид ва истиқболи арзандаи баҳори навини озодӣ бо  созандагии бесобиқаи иқтидори саноатии меҳан, шукуфоии халқу миллати азиз қарор дорад. Бо эътимоду эътиқод ва масъулияту ҷавонмардии урфӣ миллати баномуси тоҷик  бо Сарвари халқпарвараш ба ин ояндаи қарибулвуқӯъи меҳрпарвару комёр расида, дар дурнамои наздик аз ин ҳадафи стратегии пешгирифтаи  Давлату Ҳукумат баҳрабардорӣ хоҳад кард ва бори дигар аҳли башарро аз дастоварди худ ба ҳайрат меоварад.
Бошад, ки Наврӯзи озодӣ  соли барои Шумо ва мардуми меҳнатқарини кишвар дар истиқболу ташкил ва баргузории маъракаҳои бузурги  сиёсии ҷаҳонӣ, соли роҳандозии нақшаҳои бузурги солории миллат, татбиқи музаффаронаву пурбаракати барномаҳои калидии Давлату Ҳукумат,  соли футуҳоти воло дар муносиботу шукӯҳмандии Ватан, шукӯҳу шӯҳрати эътибор аз гомҳои зебои ватандорӣ, соли тавсиъаи ҳамкориҳои созандаи бунёдкор, ва пеш аз ҳама - сулҳу субот, амну осоиш ва саъодати  пурнишоти ояндасоз, бахту баракат ва саховату кароматҳо дар тамоми ҷодаҳо гардаду заҳматҳои созандаи меҳанпарастонаи Шумовро дар партави Истиқлол идомати бошукӯҳ бифизояд!
НАВРӮЗАТОН ФИРӮЗУ ҲАР РӮЗАТОН НАВРӮЗ БОД!
Бо иззату таманниёти бардавом,
Директори генералии КВД
«Тоҷикаэронавигатсия»

Л.Б.Ашуров