ҲАДАФИ МО–БАРРАСИИ ПАЁМ

Дар доираи Нақшаи хонишҳои идоравии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бахшида ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” вохӯрии роҳбарият ва кормандони корхона бо Шоҳзод Раҳимзода мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Сорбон Давлатзода сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Зимни суханронии ифтитоҳи худ Раҳимҷон Саидзода муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. “Воқеан ҳам, дар панҷ соли охир 7,7 фоиз ташкил додани суръати рушди иқтисоди миллӣ нишонаи он аст, ки Роҳбарияти олии давлат барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҳама имконоти мавҷуда истифода мебарад. Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон бо ишора ба давом додани ташаббуси сиёсати “дарҳои кушода” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкории созандаро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон – чӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ қобили қабул шумориданд. Ҳамзамон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳо барои дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалӣ, рушди “иқтисоди сабз”, ҳифзи муҳити зист, технологияҳои нав, ҷалби сармоя ва тиҷорат изҳор гардидааст”, – зикр намуд дар суханронии худ Раҳимҷон Саидзода.
“Инноватсия муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ мебошад. Татбиқи ғояҳо ва технологияҳои нав, рушди тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои нави кориро ҳавасманд мекунад. Ширкатҳо ва стартапҳои инноватсионӣ дар маҷмӯъ ба қувваи пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфта, сармоягузориро ба тавлиди маҳсулот ва хизматрасониҳои нав ҷалб намуда, рақобатпазирии кишварро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин менамояд”, – изҳор намуд Урози Раҳмон муовини сардори Раёсати рушди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” доир ба рушди инноватсия ва технологияҳои нави рақамӣ, ки яке аз масоили муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буд.
“Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамоми самту соҳаҳои асосии ҷомеа таҳлилу масъалагузорӣ гардида, нуктаҳои иброзшуда ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа бо роҳи таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди иҷтимоӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа дар ҳамкории созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи идома додани сиёсати “дарҳои кушода” дар сиёсати хориҷӣ равона шудаанд”, – гуфт зимни суханронии худ Шоҳзод Раҳимзода мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки бо ибтикори роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо мақсади дар амал татбиқ намудани вазифаҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда, тамоми чорабиниҳои саривақтӣ андешидашуда, кормандони корхона дар фаъолияти худ Паёмро ҳамчун дастурмали корӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”