Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАШНИ САДА МЕРОСИ МАЪНАВӢ ВА СУННАТИИ МАРДУМИ ТОҶИК

ҶАШНИ САДА МЕРОСИ МАЪНАВӢ ВА СУННАТИИ МАРДУМИ ТОҶИК
419

Чоп кардан

Сада ҷашни мулки номдор аст,

Зи Афридуну в-аз Ҷам ёдгор аст.      

    Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқҳои ориёинажод ба шумор рафта, мувофиқ ба солшумории шамсӣ ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Баҳман таҷлил карда мешавад. Чунин як мутобиқати солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд.  Илова бар ин метавон зикр намуд, ки ҷашнгирии Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби   аввали моҳи Дай) фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол ва таҷлил карда мешуд.

Хурсандибахш аст, ки ин мероси пурғановати ниёгон  бо ташаббуси  фарди ватандӯст ва худогоҳу худшиносии мардуми тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як суннати тантанаи ҳуввияти миллидошта ва хотири эҳё намудани таърихи куҳан, ҳамзамон бозгӯ кардани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик мақоми расмӣ касб намуд.

Роҳбари асили тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тавассути гуфтор, ки пешниҳод аз сарчашмаҳои таърихи ниёгон аст  ба ҷаҳониё собит намуданд, ки мардуми тоҷик таърихи бою  куҳан дошта дар ҳар давру замон фарзандони баору номус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият ҳамчун роҳнамо то ба имрӯз хидмат намуда истоданд ва  умед аст дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

 Дар ҳар як сухани худ Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардуми кишвар баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби онҳоро вазифаи муқаддаси ҳар як шахси бедордил дониста, даъват ба амал меоранд, ки насли имрӯз бояд таърихи гузашта ва фарҳанги намунавии пешиниёнро ҳифз намуда арҷгузории онҳоро пайваста  ба ҷо оваранд.

Тавассути чунин пайгириҳо ва ишораҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриамон бо нигоҳи тоза оғоз шуданд, ки мутахассисони ин самт тавонистанд тайи ду даҳсола  ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шаванд.

 Дар робита ба ҷашни Сада Берунӣ дар осори худ “Китоб-ут-тафҳим” Садаро ба Фариддун асос дода, чунин гуфтааст: Сада-“ обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд бар гирди он  хушҳолӣ кунанд... Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб”.

Бо гуфтаи Абурайҳони Берунӣ “ Сада” аз ҷашнҳои қадим ва маъруфи мардуми мо буда, ҳамрадиф ба ҷашҳои Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон қарор дорад. Он дар фарҳангномаҳо ва осори назму насри пишиниёнамон зиёд ёд шудааст. Дар таърихи  куҳани мардуми мо, панҷ моҳ, яъне аз оғози моҳи обон то анҷоми моҳи исфандро фасли сармо ё зимистони бузург ном мебурданд.

Ҷашни Сада оғози коҳиш ёфтани фасли сармост, яъне сад рӯз пас аз оғози ҳамин фасли сармо ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз то ҷашни Наврӯз ҷашни Сада ё ҷашни оташ таҷлил мегардид.

Дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ” омадааст, ки Сада мансуб адади сад, ки аслан аз вожаи “садак”-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ “сазақ” ва “садақ” шуда ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ бо афрухтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад.

Абулқосими Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба Ҳушанги пешдодӣ марбут дониста, чигунагии пайдоиши ин ҷашнро дар “Шоҳнома”  чунин тасвир кардааст: “Ҳушанг бо гурӯҳе сӯи кӯҳ рафт ва мори сиёҳи бузурге дид. Санге ҷониби мор андохт. Санг ба мор нарасид, вале ба санги дигар бархӯрд ва аз бархӯрди ду санг оташ берун ҷаст. Ҳарчанд мор кушта нашуд, вале рози пайдо кардани оташ ошкор шуд. Чун шаб фаро расид, оташе чун кӯҳ барафрӯхт ва бо ёрон гирди он оташ бода хӯрду шодкомӣ кард ва ба ин тариқ, ҷашни фархундаи Садаро бунёд ниҳод:

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Ба ҳамин  мазмун  дар “Осор-ул-боқия” ё “Ёдгори мондагор” ҷашни Сада бо баёни дигар  низ омадааст, вале дар зимн Берунӣ боз чанд ривояти устураи зерини таърихи ҷашни Садаро ёд кардааст:

 “Сада, яъне сад”, ин ба он маънист, ки номи Сада аз шумораи сад ба миён омадааст.

Ҷашни Сада ёдгори Ардашер-писари Бобакон аст. Ба андешаи мо, назари Берунӣ дар ин маврид ҳамин аст, ки ҷашни қадимии Сада дар рӯзгори бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон расмияти бештар пайдо кардааст.

         Пас маълум мегардад, ки аз нав эҳё намудани ин ҷашн ва аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани он  кори саҳл набуда,  аз мақоми олӣ доштани  ҷанши Сада гувоҳӣ медиҳад, ки  дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба хубӣ пазируфта шудааст. Дар ин радиф имрӯз моро низ зарур аст, барои  дубора эҳё шудани ин суннати ниёгон дар даврони соҳибистиқлолӣ  саҳмгузор бошем,  то тавонем бо чунин аъмоли созанда эҳёи ҷашнҳои миллиамонро ба ояндагон боз дорем. 

                                                                                   Сармутахассиси маркази матбуот      Фирӯз Боязитов