ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024

Ҷамъбасти фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶСК “Сомон Эйр”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар соли 2024 бо намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур изҳор намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани бехатарии авиатсионӣ дар кишвар, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, роҳандозии парвозҳои дохилӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар ҳамин замина ёдовар гардид, ки дар давраи ҳисоботи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо филиалҳои худ дар Фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба 71 459 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматрасонии аэронавигатсиониро пешниҳод намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба 19 929 адад ё ин ки 38,7 фоиз зиёд мебошад. Бо мақсади мусоидат дар васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо ва ифтитоҳи долонҳои нав КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ ва Созишномаи ҳамкории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия”-ро ба имзо расонид. Инчунин барои мутобиқ намудани сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба талаботҳои байналмилалӣ намояндагони корхона дар чорабиниҳои сатҳи баланди соҳавӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат варзиданд.
Дар фарҷом намояндагони васоити ахбори омма доир ба ифтитоҳи хатсайрҳои нав, амалӣ гаридидани парвозҳои дохилӣ ва афзоиши парвозҳо ба минтақаҳои гуногуни кишвар, ҷорӣ намудани “Дарвозаҳои электронӣ” дар 4 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ва ҳамзамон татбиқи “Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030” ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”