Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҲАЙАТИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИЯТИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ КУВЕЙТ ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

ҲАЙАТИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН БО РОҲБАРИЯТИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ КУВЕЙТ ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД
229

Чоп кардан

3-юми феврали соли 2025 дар шаҳри Кувейт вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Президенти авиатсияи граждании Кувейт Ҳамуд Муборак Ал-Сабоҳ ва Директори генералии авиатсияи гражданӣ Дуаҷ Халаф Алотаибӣ баргузор гардид. Дар ин хусус КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ тарафҳо амалӣ шудани хатсайрҳои мустақим ва афзоиши мусофиркашониро байни шаҳрҳои Душанбе ва Кувейт ба хушнудӣ пазироӣ карда, имкониятҳои рушди ҳамкории ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданиро муҳокима намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки бо ҷалби сармоягузории кувейтӣ ширкатҳои ҳавоии муштарак таъсис дода шуда, инфрасохтори авиатсионӣ сохта ё азнавсозӣ карда шаванд. Ҳамзамон масъалаи кушодани хатсайрҳои мустақими ширкати Кувейт эйрвейз баррасӣ гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо мусоидати худро барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баён намуданд.

Вохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Кувейт идома доранд.

 
                                                                                                                     АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон