ТАШКИЛИ КОНСЕПСИЯИ НАВИ АЭРОНАВИГАТСИОНИИ НИЗОМИ PBN ДАР ФАЗОИ ҲАВОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вобаста ба татбиқи “Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи Навигатсия дар асоси хусусият (Performance based Navigation) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Семинар оид ба татбиқи муқарарроти Навигатсия дар асоси хусусиятҳо (PBN) дар фазои ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он мутахассисони корхона, коршиноси лоиҳаи JICA, намояндагон аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар, ширкатҳои ҳаовпаймоии ватанӣ ширкат варзиданд.
Муқаррароти PBN – ин як консепсияи нави аэронавигатсионӣ буда, барои такмил додани бехатарӣ, самарабахшӣ ва устувории низоми нақлиёти глобалии ҳавоӣ мебошад. Афзалиятҳои муқаррарот ин бехатарии парвозҳо, афзоиши дастрасии фурудгоҳ, коҳиш додани хароҷоти амалиётии инфрасохтор ва партовҳои CO2, баланд бардоштани қобилияти фазои ҳавоӣ, истифодаи беҳтар ва устувории терминали фазои ҳавоӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани лоиҳа, тадқиқоти геодезии координатҳои WGS-84-и фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва минтақаи иттилоотии парвоз (МИП)-и шаҳри Душанбе дар низоми координатҳои WGS-84, интихоби мутахассисони корхона ва омӯзонидани онҳо оид ба таҳияи расмиёти парвози PBN дар кишварҳои Сингапур, Япония ва Олмон, инчунин харидории нармафзор барои автоматикунонии коркарди расмиёти парвози PBN “PANDA” аз ширкати “Р.И.С.К”-и Озарбойҷон гузаронида шуд.
Дар баромади худ мутахассисон доир ба равандҳои коркарди муқаррарот, маълумоти асосӣ, муқаррароти нави PBN дар минтақаи терминалӣ ва масирҳо дар Тоҷикистон, нақши Хадамоти иттилоотии аэронавигатсионӣ дар татбиқи муқаррароти PBN, амалиёти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ барои татбиқи муқаррароти PBN ва дигар масоили мубрам баррасӣ гардиданд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳадафи Лоиҳаи мазкур мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба меъёрҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) мебошад. Лоиҳа мазкур аз ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ҳамкорӣ бо Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) роҳандозӣ гардида, татбиқи пурраи он дар моҳи марти соли 2025 пешбинӣ мегардад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”