ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Бо мақсади таҳия намудани Нақшаи рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон то соли 2050 миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) санади дахлдор ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур дар доираи Симпозиуми глобалии дастгирии татбиқи ICAO 2025 (GISS-2025), ки аз 10-ум то 12-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Абузабӣ баргузор гардид, имзо шуд.
***
Дар натиҷаи мушкилии муҳаррик, ширкати “Air New Zealand” тасмим гирифт, ки парвозҳои мавсимиро ба Сеули Кореяи Ҷанубӣ аз октябри соли 2025 лағв намояд.
***
Ҳавопаймои боркашонии Embraer E190F аз сертификатсия ва тасдиқи ниҳоии “EASA” гузашт.
***
Ширкати “Saudia” роҳандозии парвозро ба 10 масири нав дар соли 2025 пешбинӣ менамояд.
***
Ширкати “Etihad Airways” аз моҳи ноябри соли 2025 парвозро миёни Атланта ва Абузабӣ ҳаррӯза амалӣ менамояд.
***
Дар доираи Намоишгоҳи NAIS 2025, Ассотсиатсияи ширкатҳои нақлиёти ҳавоӣ ва Ассотсиатсияи табибони тибби авиатсионии Федератсияи Россия Созишнома оид ба ҳамкориро ба имзо расониданд, ки ба рушди тибби авиатсионӣ равона гардидааст.
***
Аз 31-уми марти соли 2025 ширкати “Red Wings Airlines” парвози мустақимро миёни Улан-Уде ва Барнаул оғоз менамояд.
***
Тибқи иттилои масъулин, ширкати “Ryanair” парвозҳоро ба шаш самт, аз ҷумла ба Биллунд, Бергамо, Пафос, Рум, Тревизо ва Вена қатъ намуд. Сабабҳои лағви хатсайрҳо маълум нест. Ҳамзамон ширкат парвозро барои мавсими тобистони соли 2025 ба Австрия, Олмон, Фаронса, Испания, Дания ва Италия ба таври назаррас коҳиш дода, ҳукуматҳои ин кишварҳоро дар боло бурдани пардохтҳо айбдор намуд. Аммо ширкат парвозҳоро аз Таллин ба Барселона, Берлин, Дублин, Стокҳолм, фурудгоҳи Стэнстед Лондон ва фурудгоҳи Милан Малпенса идома медиҳад.
***
11-уми феврали соли 2025 парвози якдафъаинаи техникӣ аз Вашингтон ба Москва анҷом дода шуд. Тибқи иттилои “Росавиатсия” ин як таҷрибаи маъмулии ҳамкориҳои башардӯстона байни давлатҳо мебошад.
***
Бо мақсади таъмини бехатарии мусофирон ва ҳамлу нақли маводи хатарнок дар ҳавопаймоҳо, бахусус батареяҳо, Вазорати нақлиёти Корея чораҳои бехатариро тақвият мебахшад.
***
Ширкати истеҳсолкунандаи Бразилия “Stella Tecnologia” парвозҳои озмоишии ҳавопаймои бесарнишини “Albatroz”-ро оғоз намуд.
***
Аз 11-уми феврал то 29-уми марти соли 2025 ширкати “Qeshm Air” парвозро аз Актау ба Горгани Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳандозӣ менамояд.
***
(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/)