Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ ДОМИНИКА CОЗИШНОМА ОИД БА БЕКОР КАРДАНИ ТАЛАБОТИ РАВОДИДРО БА ИМЗО РАСОНИДАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ ДОМИНИКА CОЗИШНОМА ОИД БА БЕКОР КАРДАНИ ТАЛАБОТИ РАВОДИДРО БА ИМЗО РАСОНИДАНД
231

Чоп кардан

11 феврал дар шаҳри Ню-Йорк Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин санадро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Иттиҳоди Доминика дар ин Созмон Филберт Аарон ба имзо расониданд.

Дар асоси созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳои ин созишнома, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ ҳастанд, аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан будубош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати навад (90) рӯз озод мебошанд.

Ин созишнома ба муҳлати номуайян баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ ба тариқи роҳҳои дипломатӣ аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад.