САФИ ҲАМКОРИҲО БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶ МЕАФЗОЯД

Санаи 10-12 феврали соли 2025 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ (Global Implementation Support Symposium), ки дар шаҳри Абӯзабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, иштирок намуд. Дар ин хусус КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар намоишгоҳи болозикр Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) – Хуан Карлос Саласар, Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) – Николас Ралло, Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб – Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ ва инчунин, роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании зиёда аз 35 давлати хориҷ ҳузур доштанд.
Дар рӯзи нахустини ин чорабинӣ, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ҷиҳати омодагии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, инчунин, васеъ намудани ҳамкориҳо бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва кишварҳои хориҷ суханронӣ намуд.
Инчунин, санаи 11 январи соли ҷорӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ва Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб – Сайф Муҳаммад Алсувайдӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақим дар хатсайрҳои Душанбе-Абӯзабӣ ва Душанбе-Шарҷа, инчунин масъалаи кушодани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ байни Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии “Air Arabia” ва Директори минтақавии Ширкати ҳавопаймоии “Wizz Air” вохӯриҳо ҷиҳати кушодани хатсайрҳои нав ва инчунин, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ баргузор гардиданд. Умедворем, ки баргузории вохӯриҳои болозикр ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.