Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Босуботӣ – имтиёзи далерону ҷасурон

Босуботӣ – имтиёзи далерону ҷасурон
527

Чоп кардан

04.07.2022 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки директори тозатаъини Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Д.Ф. ҷаласа оид ба чамъбасти фаъолияти хочагиву истеҳсолии корхона дар нимсолаи аввали соли равон барпо гардид.

Сараввал Директори генералии корхона Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон Сафарзода Дилшод Файзалиро аз номи коллектив бо таъин шудан ба вазифаи баланд табрик карда, изҳори боварӣ намуд, ки бо омадани рохбарияти нав, ки худ тарбиятгардидаи корхонаамон аст, сифати муносибатҳо боз ҳам беҳтар гардида, натиҷаҳои он боиси муваффақиятҳои калон ҳам дар пешравии корхона ва ҳам соҳаи авиатсионии мамлакат мегардад.

Дар маърӯзаи муфассали директори генералӣ комёбихои коллектив дар давраи гузашта ва омилҳои нави хавасмандгардонӣ, ки ба беҳтар намудани сифати меҳнат ва истироҳати коргарон нигаронида шудаанд, муфассал баён карда шуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар фосилаи ҳисоботӣ ба зиёда аз 30 ҳазору 900 ҳавопаймои ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар хизматрасонии аэронавигатсионӣ пешкаш гардида, ифтитоҳи долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767, таҷдиду навсозии як қатор таҷҳизоти фаннӣ ва таъмини барномавии муосири таҷҳизотҳои корхона ва ғайра амалӣ гардид.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки вазъи кунунии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аз даромаднокии корхона, устувории он ва сари вақт пардохт намудани андозҳо ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, барои рушди воҳидҳои сохтории Корхона фонди молиявии ҷамъшаванда таъсис дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ вобаста ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир тамоюли беҳтар ва рушд дорад.

Директори Агентӣ Сафарзода Д. Ф. дар навбати худ ба кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» барои табрикот изҳори сипос намуда, ба натиҷаҳои нимсолаи аввал ва тамоми фаъолияти кормандони корхона баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки рушди корхона на танҳо муваффақияти корхона аст, балки ифтихори тамоми авиатсияи ватанӣ мебошад.

Ҳамчунин Сафарзода Д.Ф. махсус таъкид намуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамеша сохтори устувортарин ва ба таври органикӣ рушдёбандаи авиатсияи граждании кишвар буд, ки роҳбарияти Агентӣ ба он такя мекард ва мекунад  ва итминон дорад, ки минбаъд низ чунин хоҳад буд.

Сафарзода Д.Ф. инчунин қайд намуд, ки Корхона «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025»-ро мунтазам амалӣ намуда, технологияҳои наву муосирро бомуваффақият ҷорӣ намуда, ба омода намудани кадрҳои ҷавон ва бозомӯзии мутахассисони собиқадор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, пайваста ҳам кормандони корхона ва ҳам табакаҳои ниёзманди ҷомеаро дастгирӣ менамояд, ки самараи наҷиби худро медиҳад.

Директори Агентӣ изҳори умедворӣ кард, ки мақом ва дастовардҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» минбаъд низ дар сатҳи баланд қарор дошта, барои дигар сохторҳои авиатсионии кишвар намунае хоҳад буд.