Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Иди Қурбон муборак!

Иди Қурбон муборак!
620

Чоп кардан

Хамкорони гиромй!

Фарорасии Иди Саиди Қурбонро  самимона табрик гуфта, ба хонадони хар яки Шумо тандурустӣ, сулҳу сафо, хайру баракат ва иқболи нек орзу менамоям.

Мардуми мусалмон иди саиди Қурбонро ҳамчун сунати меҳру шавқат ва тараҳҳуму мулоимат дониста, бахри корхои нек камари химмат мебанданд.

Шукр, ки Иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу динниро бинобар икдому дастгирихои пайвастаи Асосгузори сулху Вахдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар фазои истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботу оромӣ, ки беҳтарин дастоварди мардуми кишварамон мебошад, таҷлил мекунем.

Бояд зикр намоем, ки дар фарҳанги мардуми тамаддунпарвари точик ва хамчунин шукухоти исломӣ андешаҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират, хайрхоҳй ва муҳаббат ба наздикону хешовандон, дустони ҳамсоягон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба беморону  ниёзмандон ва ёди неки  гузаштагон мақоми баланд дорад.  

Муҳимтарин рисолати динӣ, виҷдон ва имонии мову Шумо, ин, пеш аз ҳама, тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба волидайн ва хизмат намудан ба онҳо, суннату арзишҳои миллиро гиромӣ доштан, баҳравард шудан аз илму дониш ва касбу ҳунар, расидан ба неъматҳои истиқлолияту озодии Ватан буду хаст. Аз ин хотир бароятон дар ин чодаи басо мухиму шарафманд барору комёбй хоста, комбардорй аз мевахои ширинашро таманно дорам!

Ид муборак, ҳамкорони гиромӣ!

Бо эхтиром, 

Директори генералии КВД “ТАН”  

Л.Бегичонзода