ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Дар мулоқоти Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Алмасадам Саткалиев ва директори бюрои Европа ва Атлантикаи Шимолии ICAO Николас Ралло истеҳсоли сӯзишвории авиатсионии устувор (SAF) баррасӣ гардид.
***
Ширкати “Air Astana” бо интиқоли ҳавопаймои нави Airbus A320neo аз Тулуза парки худро васеъ намуд.
***
Дар доираи рушди инноватсионӣ пойгоҳи “Zhuhai Xiangyi Aviation Technology” Шинҷон ба аввалин мактаби байниминтақавии омӯзиши парвозҳо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин табдил ёфт, ки иқдоми стратегӣ иқтидори омӯзишии ширкати “China Southern Airlines”-ро тақвият бахшида, дар доираи иқдоми “Як камарбанд як роҳ” истеъдодҳои навро рушд менамояд.
***
Дар натиҷаи таркиши киштии “Starship SpaceX” ҳангоми парвози ҳаштуми озмоишӣ, бо фармони Маъмурияти федералии авиатсионии ИМА (FAA) дар фурудгоҳҳои Флорида парвозҳо муваққатан қатъ гардиданд.
***
Дар ҷараёни музокироти дуҷониба Федератсияи Россия аз ИМА дархости расмӣ намуд, ки ҳарими ҳавоии худро боз кунад ва парвозҳои мустақимро байни ду кишвар барқарор намояд.
***
Аз 3 ноябри соли 2025 ширкати “Ryanair” гузариши пурра ба хизматрасонии электрониро амалӣ менамояд, ки чиптаҳо ва ҳуҷҷатҳои фуруд бидуни қоғаз амалӣ мегарданд.
***
Ширкати “Emirates” ва Идораи сайёҳии Малта Созишномаи навро имзо намуданд, ки ҳадафи он рушди сайёҳии байналмилалӣ мебошад.
***
Ширкати “AirAsia Aviation Group” интиқоли 14 адад ҳавопаймои навро дар соли 2025 пешбинӣ менамояд.
***
Ширкати “IndiGo” оғози парвози нави мустақимро аз Мумбай ба Сейшел дар охири ҳамин моҳ пешбинӣ менамояд.
***
Ширкати “Air India” 31 марти соли 2025 чор парвози ҳафтаинаи худро аз Деҳлӣ ба фурудгоҳи Ҳанедаи Токио (HND) оғоз менамояд. Илова ба ин ширкат бо ширкати “ANA” Созишнома оид ба мубодалаи рамзҳоро имзо намуд.
***
Ширкати “AirAsia” фаъолияташро дар фурудгоҳи Субанги Куала-Лумпур қатъ менамояд.
***
Академияи авиатсионии ИМА харидории 38 адад ҳавопайморо аз истеҳсолкунандаи Италия “Tecnam”, аз ҷумла як муҳаррикаи P2010 ва думуҳаррикаи P2006Ts рози шуд.
***
Ширкатҳои “Leonardo” ва “Baykar Technologies” таъсиси корхонаи муштаракро пешбинӣ менамоянд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро бо системаҳои электронии ширкати дифоии Италия истеҳсол менамояд.
***
Бо мақсади таҷдид ва хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои “Е-7A Wedgetail”-и Нерӯҳои ҳавоии Австралия ширкати “Boeing” қарордодро бо арзиши 360 миллион доллари ИМА имзо намуд.
***
Аз 12 апрели соли 2024 то 5 марти соли 2025 КВД Маркази “Узаэронавигасия” дар ҳамкорӣ бо IATA лоиҳаи ҷорӣ намудани консепсияи PBN-ро дар якчанд марҳила амалӣ намуд.
***
Дар Маҷмааи таълимию тренажерҳои КВД Маркази “Узаэронавигасия” аввалин омӯзиши такмили ихтисоси кормандони муҳандисию техникӣ дар самти таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ оғоз гардид, ки барномаи омӯзиши 4 самтро дар бар мегирад, аз ҷумла коркарди маълумот, воситаҳои назорат, навигатсияи радиоӣ ва воситаҳои муошират.
***
Дар доираи машқҳои муштараки Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА тасодуфан низомиён бомбаро ба биноҳои истиқоматӣ таркониданд, ки да натиҷа 15 нафар маҷрӯҳ ва як зумра биноҳо хароб шуданд.
***
Ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақимро аз Иркутск ба Пекин дар як ҳафта се маротиба роҳандозӣ менамояд.
***
Аз 22 марти соли ҷорӣ ширкати “AZUR air” парвозҳои мустақими чартериро аз Новосибирск ба Нячанги Ветнам барқарор менамояд.
***
(Манбаъ: China Southern Airlines, Air Astana, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, КВД Маркази “Узаэронавигатсия”)