МОДАР – ФАРИШТАИ МЕҲР

7 марти соли 2025 дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар суханронии ифтитоҳӣ муовини аввали директори генералӣ Даврон Шодмонбекзода бонувони корхонаро аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода таҳният гуфт. Зикр гардид, ки дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳарчи бештар инкишоф додани қобилияти занону бонувон ва духтарон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа равона гардидааст.
“Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор дода, ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамояд ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо, дар кишвар заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст”, – изҳор намуд роҳбари Дастгоҳи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Аҳмадзода Зафар.
“Дар доираи иқдомҳои давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, имрӯз бонувони тоҷик дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ кору фаъолият доранд. Ҳамзамон, нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва инсондӯстиву масъулиятшиносӣ басо муассир аст”, – ёдовар шуд сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати корхона Саидов Кароматулло.
Зикр ба маврид аст, ки роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, нисбат ба дастгирӣ намудани бонувони корхона диққати зарурӣ равона месозад.
Дар фарҷом як зумра кормандони корхона, аз ҷумла муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” СаидзодаРаҳимҷон, сардори Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ Пайрав Ҳусейнов, Сардори Бахши шаҳрвандии маркази асосии низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ Хуморов Бахтиёр, намояндаи Иттифоқи касаба Шамсов Ҳабибулло ва сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Урози Раҳмон ба сухан баромада, дар бораи мақому манзалати зан – модар суханронӣ намуда, оиди дастгириҳои пайвастаи занон ва бонувон аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ва нақши бонувон дар ҷомеа изҳори андеша намуданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”