ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Модарони иззатманд, бонувони гиромӣ!
Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.
Нақши модарону бонувон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Маҳз бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги модарон бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 8-уми март дар кишварамон Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаъи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат аст. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт бахшида, ӯро бо шири сафеду ҷонбахш, бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбияву ба воя мерасонад ва минбаъд ҳам роҳнамои ӯ дар чорсӯи зиндагӣ мебошад. Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтиром ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии ӯ вазифаи ҷониву имонии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад.
Таърих собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳамаи давру замон ба нақши муборизи зан ва саҳми он дар рушду такомули тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими рӯзгор ниёз доштааст. Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми зан боз ҳам густурдатар гардида, имконияти иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишвар фароҳам оварда шудааст. Занон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.
Итминони комил дорам, ки занону модарони арҷмандамон рисолати ҳамешагии хешро идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сӯи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон намоянд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо модарону хоҳарони мушфиқу арҷманду гиромиқадрро ба ифтихори Рӯзи Модар сидқан муборакбод намуда, ба хонадони якояки Шумо нуру сафо, ваҳдату ҳамдилӣ, хайру саховат ва пирӯзиву баракати зиндагониро таманно дорам.
Идатон муборак, модарону хоҳарони гиромӣ ва бонувони азиз!