ҲАМКОРИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ВА КД “ҚИРҒИЗАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР САТҲИ НАВ

Дар доираи иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи гуфтушуниди муваффақонаи Сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Бишкек доир гардид, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвози Душанбе-Бишкекро барқарор намуд.
Дар доираи парвози мазкур, ки 14 марти соли 2025 амалӣ гардид, намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба КД “Қирғизаэронавигатсия” ташриф оварда, бо роҳбарият ва мутахассисони он мулоқот намуданд.
Дар доираи вохӯрӣ барқарор намудани ҳамкорӣ дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ, аз ҷумла ҳамкории Раёсатҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ва Марказҳои авиатсионии метеорологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КД “Қирғизаэронавигатсия” баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо истифода аз фазои сулҳу ваҳдат минбаъд ҳамкориҳои дуҷонибаи корхонаҳои аэронавигатсиониро тақвият мебахшанд.
Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КД “Қирғизаэронавигатсия” аз ҷониби муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ва директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” Омуров Торокелди Камчибекович ба имзо расид.
Ҳамзамон намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз манораи муназзимии КД “Қирғизаэронавигатсия” дидан ба амал оварда, бо раванди таъмини хизматрасонии аэронавигатсионии кишвари ҳамсоя аз наздик шинос шуданд.
Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатӣ дар охири моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки барқарор намудан ҳамкории корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба рушди соҳаи авиатсияи ҳарду кишвар такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”