Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон
Ҳамкорони гиромӣ, пеш аз ҳама, иҷозат фармоед бо эҳтироми беандоза Шуморо аз сидқи дил ба муносибати таҷлили иди касбии авиаторони ҷумҳурӣ Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон табрик намуда, бароятон дар муҳити оилавӣ баракату саъодату оромӣ, барои пешбурди кору пайкор - тансиҳатӣ ва қудрату тавоноӣ, дар камолоти касбӣ ва рушду инкишофи ҳирфавӣ бурдборию комгорӣ таманно намоям!
Бигузор ҳар тадбиру нақшаву ниятҳои неки доштаатон ҷомаи амал пӯшида, боиси сарбаландиву қаноатмандии шахсӣ ва обурӯву эътибори арзанда гардад!
Баракату саодати истиқлолт ва пайкору матонат ва заковату хиради Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити кору фаъолияти авиаторони тоҷикро қудрату тавони бесобиқа фароҳам оварда, имкон дод, ки ҳавопаймоҳои тоҷик ба тамоми қитъаҳои маскуни олам парвоз намуда, бар замми ба мардуми шарафманди кишварамон шиносоӣ бо мардуми хориҷа, ҳамчунин таҷассуми фарҳангу маданияти қадимамонро, ки ба оламиён таъсири бисёр арзанда расонидааст, равшану бевосита нишон диҳад.
Авиатсияи тоҷик имрӯз яке аз сутунҳои устувори пешрафти иқтисоду иҷтимоъи ватани азизамон аст. Имрӯз давлату ҳукумат ба он аҳамияти махсус дода, масъулияту фидокории ҳамаи моро дар ин самт интизор аст. Аз ин хотир дар ин роҳи пурмасъулият ба ҳамаи Шумо муваффақият таманно намуда, осмони софу сулҳи пойдорро хоҳонам, то якҷоя тавонем ба орзуҳоямон бо комрониву нишот расида, сархушу сарбаланд бошем!
Идатон муборак, ҳамкорони арҷманд!