Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

АНҶОМИ ТАТБИҚИ БОМУВАФФАҚИЯТИ ЛОИҲА

АНҶОМИ ТАТБИҚИ БОМУВАФФАҚИЯТИ ЛОИҲА
109

Чоп кардан

Ҷаласаи шашуми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозӣ оид ба “Лоиҳаи рушди иқтидор оид ба татбиқи самтҳои навигатсионӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода, роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сейҷу, мутахассисони JICA, ва дигар масъулон ширкат ва суханронӣ намуданд.

“Татбиқи бомуваффақияти “Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқ намудани Навигатсия дар асоси хусусиятҳо (PBN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо агентӣ, JICA ва гурӯҳи мушовирони Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ амалӣ гардид, ки ин як дастоварди назаррас дар таъмини бехатарии парвозҳо ва самаранок истифодабарии ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани иқтидори хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона ва мубодилаи таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ мусоидат намуд.

Ҳангоми суханронӣ мутахассисон таъкид намуданд, ки амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ба такмил додани танзими (конфигуратсияи) фазои ҳавоӣ, рушди дастрасии минтақавӣ ва ҳамгироӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, беҳтар намудани сатҳи бехатарии парвозҳо ва сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ равона гардидааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сафати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба меъёрҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ҳамкорӣ бо  Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) лоиҳаи мазкурро амалӣ намуд.

          

                                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”