Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
109

Чоп кардан

Дар остонаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, 20 марти соли 2025 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони корхона ширкат варзиданд.

Ҷамъомади идонаро муовини директори генералӣ Раҳимҷон Саидзода ҳусни оғоз бахшида, кулли кормандон ва дар шахсияти онҳо мардуми шарифи кишварро аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода бо фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфт.

Зимни суханронии хеш аз таърих ва суннатҳои иди Наврӯз ёдоварӣ намуда, иброз намуд, ки “Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо арзишҳои олии башарӣ, дӯстию иттиҳод, созандагию ободкорӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам овардааст. Инчунин талошҳои пайгирона ва фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушд ва ҷаҳонишавии ин иди воқеан фархунда махсусан қайд намуд”.

   

“Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми орёитабор буда, аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Наврӯз суханронӣ намуда, онро на танҳо як ҷашни миллии тоҷикон, балки як падидаи муҳими фарҳангӣ ва умумибашарӣ арзёбӣ намудаанд. Пешвои миллат нақши Наврӯзро дар таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва худшиносии миллӣ махсус таъкид мекунанд”, - изҳор намуд роҳбари Дастгоҳи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Аҳмадзода Зафар.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

 

Шокарим Сафармамадов сардори Шуъбаи банақшагирӣ-иқтисодӣ КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, зимни суханронии худ иброз намуд, ки “Наврӯз таърихи шашҳазорсола дошта, пайдоиши он бо тамаддуни қадимаи ориёӣ сахт алоқаманд аст. Таҳқиқоти таърихӣ нишон медиҳанд, ки ин ҷашн ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиён (асрҳои VI–IV пеш аз милод) расман таҷлил мегардид. Дар он даврон, Наврӯз ҳамчун оғози сол ва рамзи ҳосилхезии замин пазируфта мешуд”.

Лозим ба ёдоварист, ки доир ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст. Аз ҷумла дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, “Ат-тафҳим” ва “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумоти мустақим ва пурмазмун оварда шудааст.

   
  

“Таърихи пайдоиши Наврӯз ба давраи 6000 сол пеш рост омада, қайд кардани он ҳанӯз дар аҳди давлати Ҳахоманишиён мушоҳида мешуд ва аз ҳамон давра сар карда, мардуми эронинажод расму русуми наврӯзиро аз насл ба насл ба меърос гузоштанд. Нуктаҳои аслии анъанаи Наврӯзро ниёгони мо, ҳамчун арзиши фарҳангӣ тавассути китоби “Авасто” барои насли имрӯз боқӣ гузоштанд”, - ёдовар шуд сармутахассиси Маркази матбуот Фирӯз Боязитов.

“Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.

 

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шаҳомату ҷалоли бештар мегирад. Яке аз фазилатҳои барҷастаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург мебошад. Бо ин мақсад ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сар то сари мамлакат чорабиниҳои гуногун, аз қабили бозиҳои миллии варзишӣ доир мегарданд.

Бозиҳои миллии варзишии мардуми тоҷик гуногун буда, асосан бо ҷамъи мардум барпо мегарданд. Аз ҷумла, камонварӣ, гӯштингирӣ, шамшербозӣ, пиёдакашак, чавгонбозӣ ва дигар бозиҳо, ки дар ҷашни Наврӯз мардумро сарҷамъ менамоянд”, - изҳор намуд Кароматулло Саидов сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия”.

Дар фарҷом зикр гардид, ки мисли солҳои қаблӣ имсол низ Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукуҳи идона, маҳфилҳои ҳунарӣ ва ҳисси ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил мегардад.

    

                                                                                 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”