Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Тантанаҳо дар “Тоҷикаэронавигатсия”

Тантанаҳо дар “Тоҷикаэронавигатсия”
643

Чоп кардан

Ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи ҷумҳуриявӣ - Рӯзҳои авиатситяи граждании Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” маҷлиси калони тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷаласаи бошукӯҳ бо сухани табрикӣ Директори генералии корхона Л.Бегиҷонзода баромад намуда, аз дастоварду пешравиҳои кишвар дар солҳои озодиву истиқлол, муваффақиятҳои корхона дар ин фосила ва дастгириву пуштибонии давлату ҳукумат ва алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаҳои авиатсионӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки маҳз кӯшишу заҳмат, бедорхобиҳову ҷоннисориҳои Пешвои муаззам боиси рушду нумӯ ва подории давлату давлатдорӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҷомеа, матраҳу татбиқи барномаҳои тақдирсози ватандорву ватандӯстӣ ва сулҳу суботи мустаҳкам гардида, ба ин рӯзи файзбахш расонид ва умеди мардуми ватани азизамон ва тоҷикони ҷаҳонро ба ояндаи неку бороовартар қотеъ кард.

Сипас ба муносибати ин идҳои саид бо фармонҳои Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Директори генералии КВД “”Тоҷикаэронавигатсия” барои фаъолияти пурсамару масъулиятшиносӣ ва равнақи комёбиҳои истеҳсолӣ як қатор мутахасисону кормандонро бо грамотаву сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардониданд.

Ҳамчунин, дар ин ҷасласаи тантанавӣ собиқадорони меҳнати корхона Таланин А., Абдуллоев Ғ., Мирзоев А., Асроров Р. ва Раҷабов Т., ки солҳои мадид бо меҳнати ҳалолу масъулиятшиносии калон хизмат намуданд бо сипосу қадршиносӣ бо тӯҳфаҳои шоиста мукофотонида шуда, ба нафақа гусел гардиданд.

Ба табрикоти  Директори генералӣ Раиси иттифоқи касаба Э.Сироҷзода, сардори Раёсати кадрҳо О.Хоҷаев, сардори Бахши шаҳрвандии НЯ ТҲҲ Ф.Муҳаммадаминшоев ва дигар масъулону кормандони корхона ҳамроҳ гардида,  таманнои равнақу ривоҷи корхона,  сулҳу суботи кишвар ва миннатдорӣ аз дастгириҳои Давлату Ҳукумат намуданд.